20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тобистон-2019»: Истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ барои қабули наврасону кӯдакон омодаанд

552
20 июни соли равон истироҳати тобистонаи мактаббачагон оғоз мегардад. Дар ин мавсим низ истироҳатгоҳҳо бо беҳтарин шароит дари худро ба рӯи хонандагон боз хоҳанд кард. Аммо бо сабаби боришоти зиёди имсола дар баъзе истироҳатгоҳҳо, ки аксари онҳо дар мавзеъҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ қарор доранд, корҳои сохтмонӣ ва таъмиру навсозӣ тӯл кашиданд.
Тавре муовини аввали раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Нигора Назарзода иброз намуд, бо мақсади тарбияи ватандӯстиву завқи зебоипарастӣ ва ҷалби кӯдакону наврасон ба сайёҳиву солимгардонӣ 1 марти соли 2019 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2019» Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид.
Ҷиҳати иҷрои ин қарор дар назди Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо мақсади назорати рафти омодагӣ, таъмир, муҷаҳҳазгардонии лагерҳо бо таҷҳизоти зарурӣ, таъмини истироҳатгоҳҳо бо кормандони педагогӣ ва дигар корҳои ташкилӣ, ҷиҳати назорати раванди ташкили кори истироҳатгоҳҳо ситоди «Тобистон-2019» таъсис дода шуд. Ду гурӯҳи корӣ аз ҳисоби аъзои Ситоди «Тобистон-2019» таъсис дода шуда, аз 14 то 21 майи соли равон рафти истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон ба истиснои истироҳатгоҳҳои ноҳияи Файзобод ва минтақаи Рашт дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии ноҳияҳои Варзоб, Шаҳринав, шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро мавриди санҷиш қарор доданд. Аъзои ситод инчунин вазифадор гардидааст, ки ҷараёни ташкили кори истироҳатгоҳҳоро мунтазам назорат намояд.
Бино ба маълумоти номбурда, имсол низ мисли солҳои пешин дар баробари кӯдакони ятим, бепарастор аз оилаҳои камбизоат, кӯдаконе, ки дар муассисаҳои давлатии таълимии мактаб-интернатҳои вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таҳти таъминоти давлат қарор доранд, инчунин кӯдакони болаёқат ва кӯдакони кормандони соҳаи кишоварзӣ ройгон ба лагерҳои тобистона ҷалб карда мешаванд.
Мавсуф зикр кард, ки соли гузашта дар баробари кӯдакону наврасони мамлакат, инчунин кӯдакону наврасони кишвари дӯсти ҳамсоя-Ӯзбекистон низ дар лагерҳои Тоҷикистон истироҳат намуданд. Имсол бошад аз шаҳрҳои Уфа ва Қазони Федератсияи Россия ва Қазоқистон барои фаро гирифтани фарзандони онҳо ба фароғат муроҷиат шудааст.
«Дар айни ҳол муроҷиати онҳо мавриди таҳлилу баррасии мақомоти дахлдори кишвар қарор дорад. Баъди расидан ба мувофиқа кӯдакону наврасони онҳо дар доираи имкониятҳо ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд»,-гуфт Нигора Назарзода.
Ёдовар мешавем, ки соли 2018 дар ҷумҳурӣ беш аз 2045 лагеру мавзеъҳои истироҳатӣ бо фарогирии 173 ҳазору 336 нафар кӯдакону наврасон ташкил карда шуд. Аз ҷумла, 1519 лагери наздимактабӣ, 54 адад беруназшаҳрӣ, 245 адад лагери меҳнатӣ-истироҳатӣ 2 намуд лагери санаторӣ, 113 адад варзишӣ-беҳдоштӣ, 112 лагер барои хонандагони синфҳои болоӣ лагерҳои истироҳатӣ созмон дода шуд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво