19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

КОРВОНИ «МОДАРОНИ ВАҲДАТСАРО» БА РОҲ БАРОМАД!

474
Сад нафар модарон аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилояти Суғд дидан менамоянд
Дирӯз ҳайати саднафараи корвони «Модарони ваҳдатсаро» вориди вилояти Суғд гардиданд. Дар назар аст, ки ҳайати меҳмонон дар доираи сафари серӯзаи худ аз шаҳру навоҳии Панҷакент, Шаҳристон, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Гулистон ва Хуҷанд боздид ба амал оварда, аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилоят дидан намоянд. Инчунин бо иштироки онҳо 20-уми июни соли равон дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд конференсияи ҷумҳуриявии «Бузургии занон дар Ваҳдат аст!» баргузор мегардад.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, аз ҷониби роҳбарияти вилоят нақша-чорабиниҳои марбут ба сафари корвони «Модарони Ваҳдатсаро» ба вилоят тасдиқ ва масъулини дахлдор ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани он муваззаф гардиданд.
Ҳайати саднафараи меҳмонон дар доираи сафари серӯзаи худ аз мақбараи сардафтари адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, оромгоҳи Муҳаммад Башоро, Хона-музейи Лоиқ Шералӣ, пойгоҳи бостоншиносии Саразми шаҳри Панҷакент, мавзеъҳои таърихии «Қаҳ-қаҳа», «Чилҳуҷра», зиёратгоҳҳои «Туятошбобо» ва «Қутуратбобо»-и ноҳияи Шаҳристон, Қалъаи Муғ, мавзеъҳои таърихии «Сабристон» ва «Ҳазрати Шоҳ», Литсейи касбӣ-техникӣ, Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ, Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии «Сари мазор»-и шаҳри Истаравшан, Осоишгоҳи «Зумрад», зиёратгоҳҳои «Лангари моҳиён», «Ҳазрати Шоҳ», Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сайфи Исфарангӣ, маҷмааи «Ҷаҳони нав», Маҷмааи таърихии «Қалъаи Сурх», Осорхонаи марказии шаҳри Исфара, Қасри Арбоб, Маҷмааи сайёҳӣ-истироҳатии «Ҷазираи Темурмалик», Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов, Боғи миллии «Ваҳдат»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Осоишгоҳи «Баҳористон», майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Боғи фарҳангию фароғатӣ ва истироҳатгоҳҳои шаҳри Гулистон, Маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофии Зулфия Баҳриддинова, Боғи фарҳангию истироҳатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, маҷмааи истироҳатии «Роҳи танобӣ» ва Муассисаи давлатии Маҷмааи таърихию фарҳангии «Истиқлол»-и шаҳри Хуҷанд боздид менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки корвони «Модарони ваҳдатсаро» бахшида ба ҷашни 22- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҷалби зиёда аз 100 нафар занону бонувони ҷумҳурӣ ташкил гардидааст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво