24 июн 2021, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

ФАРМОИШ аз « 1 » феврали соли 2016 № 11/ф ш.Душанбе

196415
Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба фармоиши
директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2013, №6/ф


Мутобиқи талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 25 Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 13 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, банди 8 Низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №150 тасдиқ шудааст бо дастрасии мактуби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 январи соли 2016, №606/13.2,

ф а р м о и ш м е д и ҳ а м :

1. Зербанди 3) банди 1 фармоиши директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2013, №6/ф «Дар бораи танзими системаи нархгузорӣ дар сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3) Бо назардошти аз санаи 1 январи соли 2016 бекор гардидани муқаррароти қисми 2 моддаи 181 Кодекси андоз, яъне аз байн рафтани меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда (5%) барои корхонаҳои соҳаи хӯроки умумӣ, корхонаҳои савдои яклухт ва чакана, маҳсулоттайёркунӣ, таъминотию фурӯш, корхонаҳои сохтмонӣ ва муассисаҳои таълимӣ ва тибқи талаботи қисми 2 моддаи 181 Кодекси андоз андозсупорандагоне, ки дар солҳои 2013-2015 бо меъёри пасткардашуда андозбандӣ гардида, ҳуқуқӣ баҳисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашудаи дар дохили ҷумҳурӣ пардохташударо надоштанд, аз санаи 1 январи соли 2016 ҳангоми таҳвили молҳо (иҷрои корҳо, хизматрасониҳо) андоз аз арзиши иловашударо бо меъёри 18 фоиз ҳисоб намуда, ҳуқуқи баҳисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашударо пайдо мекунанд».
2. Ҳамаи супорандагони меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда бо назардошти аз санаи 1 январи соли 2016 аз байн рафтани муқаррароти қисми 2 моддаи 181 Кодекси андоз, тамоми шартномаҳоро, ки барои ба амал баровардани фаъолияташон ба имзо расонидаанд аз сари нав баррасӣ намуда, вобаста ба ҷорӣ гардидани меъёри стандартии андоз аз арзиши иловашуда (18%) ба онҳо тағйиротҳои зарурӣ ворид намоянд.
3. Муқаррароти зербанди 4) фармоиши директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2013, №6/ф аз эътибор соқит дониста шавад.
4. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Н.Ю. гузошта шавад.

Раис Ҷ. Аҳмадзода







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво