24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Cеминар-машварат дар мавзўи “Баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои интихобу додани қитъаи замин, лоиҳакашӣ, мувофиқа ва додани иҷозати сохтмон” (ш. Истаравшан, 13 июни соли 2019; ш.Хуҷанд, 14 июни соли 2019)

510
Cеминар-машварат дар  мавзӯи “Баррасии саривақтии  муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои интихобу додани қитъаи замин, лоиҳакашӣ, мувофиқа ва додани иҷозати сохтмон”  (ш. Истаравшан, 13 июни соли 2019;  ш.Хуҷанд, 14 июни соли 2019)

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи кории Кумита барои соли 2019 санаи 13 июни соли 2019 дар шаҳри Истаравшан ва санаи 14 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар мавзӯи “Баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои интихобу додани қитъаи замин, лоиҳакашӣ, мувофиқа ва додани иҷозати сохтмон” семинар-машваратҳо баргузор намуд.
Дар семинар-машварати дар шаҳри Истаравшан баргузоргардида (13 июни соли 2019) муовинони соҳавии раисон, сармеъморон, намояндагони кумитаҳои идораи замин, сохторҳои минтақавии Хадамоти зидди сӯхтор, Бозрасии давлатии автомобилӣ, ҳифзи муҳити зист, хоҷагии об, назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, таъминот бо нерӯи барқ, таъминот бо шабакаҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва алоқаи барқӣ, гармидиҳӣ, таъминот бо гази шаҳрҳои Истаравшан, Панҷакент, ноҳияҳои Деваштич, Шаҳристон, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд, инчунин намояндагони масъули дастгоҳи марказӣ ва ташкилоту муассисаҳои Кумита, ҷамъ 57 нафар иштирок намуданд.
Дар семинар-машварати дар шаҳри Хуҷанд баргузоргардида бошад (14 июни соли 2019) муовинони соҳавии раисон, сармеъморон, намояндагони кумитаҳои идораи замин, сохторҳои минтақавии Хадамоти зидди сӯхтор, Бозрасии давлатии автомобилӣ, ҳифзи муҳити зист, хоҷагии об, назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, таъминот бо нерӯи барқ, таъминот бо шабакаҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва алоқаи барқӣ, гармидиҳӣ, таъминот бо гази шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Исфара, Конибодом, Истиқлол, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Зафаробод ва Мастчоҳи вилояти Суғд, инчунин намояндагони масъули дастгоҳи марказӣ ва ташкилоту муассисаҳои Кумита, ҷамъ 94 нафар иштирок намуданд.
Cеминар-машварат дар  мавзӯи “Баррасии саривақтии  муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои интихобу додани қитъаи замин, лоиҳакашӣ, мувофиқа ва додани иҷозати сохтмон”  (ш. Истаравшан, 13 июни соли 2019;  ш.Хуҷанд, 14 июни соли 2019)
Ҳадафи асосии ташкил намудани семинар-машваратҳои мазкур ин иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26 декабри соли 2018 баён намуда буданд, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи мақсаднок ва самараноку оқилонаи замин, такмили фаъолият дар соҳаи шаҳрсозӣ, омӯзиш ва арзёбии вазъи соҳа, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар доираи Тартиби анҷом додани расмиёти маъмурӣ вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ ва дар ин замина беҳтар намудани ҳамоҳангӣ ва ҳамкориҳои сохторҳои соҳавӣ, пешгирии қонуншиканиҳо ва саривақт бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, пешбурди назорати доимии сифати корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи мақсаднок ва самараноку оқилонаи замин бо банди 8 супориши протоколӣ аз 28 декабри соли 2018, №13 вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор намудааст, ки дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо барои бунёди иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз гирифтан ва додани қитъаҳои замин аз ҳисоби заминҳои корами обӣ худдорӣ карда, сохтмони чунин иншоотҳоро дар доираи нақшаи генералии маҳал дар маҳалҳои аҳолинишин ба ҷойи биноҳои куҳнаю фарсуда пешбинӣ намоянд.
Дар шароити тағйирёбии бавуҷудомадаи рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон, рушди фаъолияти сохтмонӣ, вақте ки замин яке аз воситаҳои асосии истеҳсолот барои соҳибкорон мебошад, давлат бояд дастрасии шаффоф ва баробари тамоми шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ба захираҳои замин таъмин намояд. Тартиб, раванд ва қоидаҳои додани қитъаҳои замин новобаста аз мақсадҳои истифодаи он бояд ҳатман риоя карда шуда, амалҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои дахлдор, ки дар интихоб ва додани қитъаҳои замин иштирок мекунанд, бояд дар доираи талаботҳои муқарраршуда бо омӯзиши хеле дақиқ ба роҳ монда шавад.
Cеминар-машварат дар  мавзӯи “Баррасии саривақтии  муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои интихобу додани қитъаи замин, лоиҳакашӣ, мувофиқа ва додани иҷозати сохтмон”  (ш. Истаравшан, 13 июни соли 2019;  ш.Хуҷанд, 14 июни соли 2019)
Имрӯзҳо марҳила ба марҳила нақшаҳои генералӣ аз нав таҳия гардида, барои бо низоми муайян бунёд гардидани бинову иншоотҳои хуштарҳу замонавӣ ва кӯчаҳои васеъу хиёбонҳои зебо шароит фароҳам оварда шуда истодааст. Инчунин масъалаи ба танзим даровардани фаъолияти шаҳрсозӣ бо инобати ташкил, таҳия ва тасҳеҳи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, аз ҷумла нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳал ва лоиҳаи иморатсозӣ ба миён омадааст, ки мутобиқи талаботи кодексҳои замин ва шаҳрсозӣ бе мавҷуд будани нақшаҳои зикршуда барои сохтмон додани иҷозат имконнопазир мебошад. Интихоб, ҷойгиронӣ ва сохтмони ҳамагуна иншооту биноҳо дар асоси ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ бо мақсади ҳалли маҷмӯавии ҳудудҳо, риояи талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, ба инобат гирифтани дастрасии аҳолӣ ба биноҳои бунёдшаванда, талаботи маҳал ва дигар талаботҳои шаҳрсозӣ ба роҳ монда мешавад.
Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар партави иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати таҳкими сиёсати давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва тақвияти соддаю шаффофгардонии низоми бақайдгирию хизматрасонӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи сохтмону меъморӣ ва дар ин замина мукаммал намудани муносибатҳои байниидоравию минтақавӣ ва асосҳои меъёрии ҳуқуқӣ корҳои муайянеро роҳандозӣ намуда истодааст.
Кумита баҳри ҳалли масъалаҳои ҷойдошта пешниҳод намуд, ки яке аз нишондоде, ки метавонад ба баланд гаштани сатҳи назарсанҷии коршиносони байналмилалӣ таъсири мусбӣ расонад, ин ташкили сохторҳои минтақавии равзанаи ягона, ё ба ибораи дигар “кушодани равзанаи ягона” ва дар ин замина ташкили шабакаи сохтории ин раванд барои иҷроиш ва арзёбии он мебошад. Дар ин замина мавқеи Кумита бо мактуби расмӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуда, дар ин асос супоришҳои дахлдор ба вазорату идораҳо ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ирсол гардидаанд.
Дар ин самт, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, №95 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки тибқи банди 3.11. Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати самаранок гардонидани ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои давлатии ба равзанаи ягона дар соҳаи сохтмон ҷалбгардида, кушодани утоқи кории "Равзанаи ягона дар соҳаи шаҳрсозӣ" дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо то охири моҳи июни соли 2019 пешбинӣ карда шудааст.
Дар баъзе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҷрибаи баррасии якҷояи мақомоти маҳаллии соҳавии ба раванди амалигардонии равзанаи ягона ҷалбгардида оид ба масъалаҳои марбут ба додани хулосаҳои техникӣ ва иҷозати оғози корҳои сохтмонӣ дар ҷаласаҳои кории раисону роҳбарони соҳавӣ ба роҳ монда шуда, аллакай самараҳои худро оварда истодааст.
Cеминар-машварат дар  мавзӯи “Баррасии саривақтии  муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои интихобу додани қитъаи замин, лоиҳакашӣ, мувофиқа ва додани иҷозати сохтмон”  (ш. Истаравшан, 13 июни соли 2019;  ш.Хуҷанд, 14 июни соли 2019)
Бо назардошти таҳлил, фикру мулоҳиза ва таклифу пешниҳодҳо семинар-машварат қарор мекунад:
1. Аз мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Исфара, Конибодом, Истиқлол, Истаравшан, Панҷакент, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Мастчоҳ, Зафаробод, Деваштич, Шаҳристон, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд хоҳиш карда мешавад:
- дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо барои бунёди иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз гирифтан ва додани қитъаҳои замин аз ҳисоби заминҳои корами обӣ худдорӣ карда, интихоб ва додани қитъаҳои заминро дар доираи талаботҳои муқарраршуда бо омӯзиши хеле дақиқ ба роҳ монанд;
- масъалаи ташкил, таҳия, мувофиқа ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозиро дуруст ба роҳ монда, ҷиҳати бунёди маҷмӯавии бинову иншоотҳо чораҳои зарурӣ андешанд;
- бо мақсади аз байн бурдани монеаэҷодкунии сохторҳои дахлдори назоратӣ-давлатӣ ҳангоми мувофиқаи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои давлатии ба равзанаи ягона ҷалбгардидаро беҳтар намуда, қабули қарорҳои махсус ва мусоидати роҳбарияти шаҳру ноҳияҳоро оиди кушодани ҳуҷраи “Равзанаи ягона дар соҳаи шаҳрсозӣ” то охири моҳи июни соли ҷорӣ таъмин намоянд.
2. Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои зикргардида ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани масъалаҳо вобаста ба интихоб ва додани қитъаҳои замин ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ чораҳои зеринро роҳандозӣ намоянд:
- дар аввал гирифтани хулосаи сармеъмор оид ба мувофиқати қитъаи интихобшуда ба талаботи нақшаҳои генералии шаҳрҳо, марказҳои ноҳияҳо, кодексҳои шаҳрсозӣ ва замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ;
- дар мавриди бунёди маҳалҳои нав ва сохтмони бинову иншоотҳо гирифтани хулосаҳои дақиқи мусбӣ аз ҷониби сохторҳои дахлдори шаҳру ноҳияҳо, тибқи талаботи Нақшаи генералӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, сохтмонӣ, экологӣ, геологӣ, зидди сӯхтор, ҳифзи муҳити зист ва дигар талаботҳои мавҷуда;
- дар мавриди ҷойгиронии биноҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятӣ дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин ва бинову иншооти мавҷуда ҳамчун асос ба инобат гирифтани талаботи минтақабандии ҳудуд, эҳтироми ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон ва таъмини шароит барои иштироки онҳо дар баррасӣ ва қабули қарорҳо.
3. Мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Исфара, Конибодом, Истиқлол, Истаравшан, Панҷакент, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Мастчоҳ, Зафаробод, Деваштич, Шаҳристон, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд вазифадор карда мешаванд:
- ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар раванди татбиқи нақшаҳои генералӣ, аз ҷумла ҷойгиркунии иншоот ва биноҳо бо риояи хатҳои сурх ва танзими сохтмон, ҷиҳати ташкил ва пешбурди нақшаҳои навбатдорӣ (дежурный генплан) чораҳои зарурӣ андешанд;
- супориши меъморӣ ва банақшагириро тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда, дар он талаботҳои нақшаи генералӣ, ҳолати мавзеъ, ободонии ҳудуд ва дигар талаботҳои муосирро дарҷ намуда, масъалаи саривақт додани шартҳои техникиро ба фармоишгарон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор бо принсипи “Равзанаи ягона” ҳаллу фасл намоянд;
- татбиқи нақшаҳои генералӣ, нақшаҳои муфассали банақшагирӣ ва лоиҳаҳои банақшагирии ноҳиявиро дар асоси ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии мавҷуда ба роҳ монда, амалигардонии онҳоро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд;
- иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмониро пас аз омӯзиши ҳамаҷонибаи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин, ҳуҷҷати лоиҳаи тасдиқшуда, хулосаи мусбии экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва қарори дахлдори раисони ноҳияҳо ба роҳ монанд;
- вобаста ба назорати сохтмони биноҳо ва иншоотҳои сохташаванда ва роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ фаъолияти худро пурзӯр намоянд;
4. Кумитаи меъморӣ ва сохтмон таклифу пешниҳодҳои маърӯзачиёнро ҷиҳати масъалагузорӣ ва ҳалли масъалаҳои соҳаи шаҳрсозӣ ҳамчун пешниҳод қабул намуда, оиди амалигардонии онҳо чораҷӯӣ намояд.
А. Аваз,
мухбири "Рӯзномаи бинокорон".




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво