19 март 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Владимир Путин: «Кишварҳои аъзои МҲТБО-ро зарур аст, то бо таҳдидҳои замони муосир муборизаро тақвият бахшанд» Июнь 15, 2019 13:58

469
Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар нишасти сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки имрӯз дар Душанбе баргузор гардид, аз намояндагони давлатҳои аъзои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ даъват ба амал овард, ки дар мубориза бар зидди тахдиду чолишҳои замони муосир, хусусан терроризм, ифротгароӣ ва гардиши маводи мухаддир, ки омили асосии мабалағгузории гурӯҳҳои террористӣ дар ҷаҳон мебошанд, хамкории муштаракро тақвият бахшанд.

Президенти Федератсияи Россия таъкид кард, ки «мо бояд ба манофеъ ва даромади гурӯҳҳои террористӣ, ки аз ҳисоби фурӯши маводи мухаддир сарчашма мегирад, монеа эҷод намуда, нагузорем ин гурӯҳҳои ҷиноятпеша ба маводи кимёвӣ даст ёбанд.

Бо дахли таҳкими ҳамкории давлатҳои аъзои ин созмони бонуфуз В. Путин зикр сохт, ки кишварҳои аъзои МҲТБО, бояд ба якдигар эҳтиром ва арҷ гузошта, дар корҳои дохилии якдигар дахолат наварзанд.

Ҳамзамон В.Путин дар баромади худ доир ба қазияи Афғонистон, Сурия, муносиботи ҳар ду Корея ва барномаи ҳастаии Эрон дахл намуда, гуфт ки Россия ҷонибдори тақвият ва густариши ҳамкории судманд бо кишварҳои аъзои МҲТБО мебошад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво