26 июн 2019, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

ДУШАНБЕ: ОМОДАГИИ РАҚАМИ 1. Дар пойтахт охирин корҳои тайёрӣ ба панҷумин иҷлоси МҲТБО идома доранд

26
Тавре қаблан иттилоъ додем, 14-15 июни соли равон дар шаҳри Душанбе панҷумин Иҷлоси сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) баргузор мегардад. Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади дар сатҳи олии ташкилӣ доир гардидани ин ҳамоиши сатҳи баланди байналмилалӣ дар пойтахт корҳои омодагиро ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ мондааст. Душанбеи нозанин бо шарофати қудуми меҳмонон боз ҳам дилработару нозанин ва гулпӯштар мегардад. Гузориши хабарнигори АМИТ «Ховар» Шукуҳи ДАЛЕР дар ин бора.

То имрӯз, аз ҷумла дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе, ки муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон — шоҳ Исмоили Сомонӣ маскан гирифтааст, омодагиҳо ба таври чашмрас мушоҳида мешаванд. Дар ин макон гулҳои мавсимӣ бо истифода аз усулҳои гуногун шинонида шуда, ба симои шаҳр зебогии навро зам намудаанд.

Мудири шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Шералӣ Раҳмонов дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки дар пойтахти мамлакат корҳои омодагӣ ба баргузории панҷумин Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё хуб ба роҳ монда шудааст.



«Аз ҷумла моҳи май ва давоми даҳ рӯзи моҳи июни соли равон дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр зиёда аз 4 миллиону 200 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ шинонида шуда, дар ин самт корҳо идома доранд», — афзуд Шералӣ Раҳмонов.

«То имрӯз аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе корҳои таъмири ҷории роҳу купрӯкҳо, омода намудани боғу гулгашт ва меҳмонхонаҳои шаҳр барои қабули меҳмонон, инчунин ба тартиб даровардани дарахту буттаҳо, шинонидани гулҳои мавсимӣ ва дигар корҳо дар ҳудуди шаҳр ва ноҳияҳои ҷараён доранд», — илова намуд номбурда.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, аз ҷумла шинонидани гулҳои мавсимӣ дар кӯчаву хиёбонҳо, боғу гулгашт ва макони баргузори чорабинӣ бо тарзу усули гуногуни замонавӣ ба роҳ монда шудааст.

Зимнан ободу зебо ва хуррамгардонии пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе чун дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар маркази диққати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин самт аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хоса Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ тадбирҳои зиёд андешида мешаванд.



Далели ин гуфта он аст, ки тайи се соли охир Душанбе симои худро куллан дигар намуд, ба гуфтаи Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев « Душанбе хеле зебо шудааст».

Бояд тазаккур дод, ки охири моҳи майи соли 2018 Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омада, тағйироти солҳои охири симои Душанберо махсус зикр кард. «Ман ҳоло ба Душанбе ворид шудам ва дидам, ки шаҳр хеле зебо ва бароҳат шудааст»,- гуфт Медведев. Вай афзуд, симои дигар гирифтани пойтахт- натиҷаи хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Ғайр аз ин, ободу зебо шудани шаҳри Душанбе ва симои нав гирифтани онро Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко низ ситоиш карда буд.

«Дигаргуниҳоро дар пойтахти Тоҷикистон бо як назар метавон дид. Ман инро ҳатто шабона вақти ин ҷо расиданам дидам. Ва имрӯз ба ман бори дигар собит шуд, ки шумо роҳи дурустро интихоб кардаед. Ман ҳамеша бо қаноатмандӣ мушоҳида менамоям, ки аз рӯи суръати рушд шумо ҳатто нисбат ба баъзе кишварҳои пешрафтаи олам бартарӣ доред. Ин сазовори таҳсин аст», -гуфта буд Александр Лукашенко зимни сафари худ ба мамлакати мо, моҳи майи соли 2018.

Душанбе – мизбони панҷумин Иҷлоси сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба рӯи меҳмонон оғӯш мекушояд. Боварамон комил аст, ки меҳмонон аз тамошои пойтахти тоҷикон –шаҳри Душанбе як ҷахон таассуроти нек хоҳанд бардошт. Охир Душанбе бо меҳмоннавозӣ аллакай маъруф гаштааст.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво