20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

То ҷашни Ваҳдати миллӣ қисмати аввали роҳи марказии ноҳияи Нуробод ба истифода дода мешавад

404
Бахшида ба ҷашнҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Нуробод мумфаршкунии кӯчаи марказии шаҳраки Дарбанд дар масофаи 1120 метр оғоз гардид.

Барои сохтмони иншооти мазкур аз ҷониби Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО-и Роғун» 4 миллиону 700 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, корҳои сохтмониро ширкати «Нуробод — лоиҳа» ба сомон мерасонад.

Дар оғози ин амали нек роҳбарияти ноҳия, меҳмонон, собиқадорон ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия ширкат варзиданд.

Тавре директори ширкати сохтмонии «Нуробод — лоиҳа» Хуршед Собиров иброз дошт, «дар доираи ин лоиҳа дар масофаи 2240 метр чароғонкунию сафолакпӯшонии роҳравҳо ва иваз намудани новаҳои обрави роҳро амалӣ менамоем. Қисмати аввали сохтмони роҳи марказии ноҳияро дар арафаи ҷашни 22 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки меҳмонони олиқадр ба истифода медиҳем».

Ёдовар мешавем, ки дар доираи ҳидоятҳои созандаи Асозгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар ноҳияи Нуробод корҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни таърихии мамлакат — 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бомаром идома дошта, роҳбарияти ноҳия азм доранд, ки дар ҳар ҷамоати деҳот иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, китобхона ва ғайраҳоро бунёд намуда, барои некуаҳволии мардум шароит фароҳам оранд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво