25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе китоби «Тоҷикистон ва Чин: аз дӯстии таърихӣ то шарикии стратегӣ» муаррифӣ гардид

502
Дар остонаи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе китоби «Тоҷикистон ва Чин: аз дӯстии таърихӣ то шарикии стратегӣ», ки дар доираи ҳамкории муштараки донишмандони тоҷику чин нашр гардидааст, бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе муаррифӣ гардид.

Дар маросими рӯнамоии китоби мазкур директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардуми Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лю Бин, ноиби Президенти Академияи илмҳои ҷамъиятии вилояти Гансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ма Тинсюй доир ба ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои гуногун ибрози назар намуданд.

Зикр шуд, ки ду кишварро аз қадимулайём робитаҳои неки иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ бо ҳам мепайвандад ва ин робитаҳо дар замони муосир бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо саъю талоши сарони ҳар ду давлат вориди марҳиллаи сифатан нав гардидааст. Хусусан ҳамкории Тоҷикистону Чин дар доираи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, назири Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай беш аз пеш тавсеа ёфта, то ба сатҳи шарикии стратегӣ расидааст. Чину Тоҷикистон ду кишвари ҳамҷавор ва дӯст дар минтақа маҳсуб ёфта, робитаҳои иқтисодию тиҷоратиро ҳар чӣ бештар густариш медиҳанд.

Чин дар рушди иқтисодии Тоҷикистон яке аз давлатҳои пешсаф арзёбӣ гардида, гардиши мол байни ду давлати ҳамсоя то ба 1 миллиард доллар расонида шудаааст. Саҳми Чин дар бунёди иншооти муҳими Тоҷикистон калон аст.

Таъкид гардид, ки дар таҳкими робитаҳои судманди ду кишвар ҳамкории фарҳангӣ ҷойгоҳи шоистаро касб намудааст. Чанде пеш баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин шаҳодати ин гуфтаҳост. Инчунин байни Марказҳои илмию фарҳангии ду кишвар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шудаанд, ки дар тақвияти ҳамкории гуманитарии ҳар ду давлат нақши муассир мегузоранд.

Зимни муаррифии китоби зикргардида муаллифон роҷеъ ба аҳамияти нашри китоби мазкур дар тавсеаи ҳамкории илмию фарҳангии Тоҷикистону Чин ибрози назар намуданд.

Зикр шуд, ки китоби мазкур дар доираи ҳамкории мутахассисони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои ҷамъиятии вилояти Гансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳия ва нашр гардида, паҳлӯҳои гуногуни робитаҳои дӯстиву ҳусни ҳамҷаворӣ, шарикии стратегӣ, ҳамкории сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ, дар маҷмӯъ таърихи равобити судманди Тоҷикистону Чинро дар бар мегирад.

Китоби мавриди назар нахустин кори муштараки олимони тоҷику чин буда, дар таҳияи он гурӯҳи муаллифон иштирок намудаанд. Китоб дар Тоҷикистон ба забони русӣ ва дар Чин бо забони чиноӣ нашр гардида, дар оянда интизор меравад, ки ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ чоп гардад. Он аз ҷониби муқарризон ва олимони шинохтаи тоҷику чинӣ тақриз шуда, зери назари Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Назаров ба нашр расидааст ва аз аҳамияти бузург бархӯрдор аст.

Китобро метавон рӯйдоди бузурги фарҳангӣ дар муносиботи илмию фарҳангии Тоҷикистону Чин арзёбӣ кард.

Нашри китоби «Тоҷикистон ва Чин: аз дӯстии таърихӣ то шарикии стратегӣ» дар ҳолест, ки 28 апрели соли равон дар Академияи фанҳои ҷамъиятии Чин муаррифии китоби арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих», ки ба забони чинӣ тарҷума ва чоп шудааст, дар маросими бошукӯҳ дар Пекин муаррифӣ шуд. Муҳаққиқи шинохтаи тоҷик Абдулло Раҳнамо, ки яке аз иштирокдорони ин маросим буд, мегӯяд, ки чопи чиноии китоби арзишманди Пешвои миллат «Тоҷикон дар оинаи таърих» аз ҷониби олимону мутахассисони чинӣ баҳои баланд гирифт.

Ба андешаи А.Раҳнамо мушкили тоҷикистоншиносӣ дар Чин дар ин аст, ки аксар маълумоте, ки Марказҳои илмӣ ва мутахассисони Чин дар бораи Тоҷикистон, дар бораи халки тоҷик, сиёсати давлати Тоҷикистони мусоир доранд, аз манбаъҳои англисзабони ғарбӣ, аз сарчашмаҳои гуногуни ғайритоҷикистонӣ сарчашма мегирад, яъне шинохти начандон воқеӣ дар бораи фарҳангу таърихи мардуми тоҷик вуҷуд дорад. Дар ин росто, нашри китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба забони чиноӣ нахустин равзанаеро дар муаррифӣ ва шинохти таърихи халқи тоҷик дар Чин боз намуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво