29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Парлумон Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Авесто Гурӯҳ»-ро ба тасвиб расонид

421
Парлумони Тоҷикистон Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди (ҶДММ) «Авесто Гурӯҳ» оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли оби нӯшокӣ ва маҳсулоти машруботии «Сиёма»-ро дар шаҳри Душанбе ба тасвиб расонид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуотии палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов иттилоъ медиҳад, масъалаи мазкур имрӯз зимни баргузории ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон, даъвати панҷум, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ шуд.

Зикр гардид, ки масъалаи сохтмон ва ба истифода додани корхонаи мазкур зимни мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва масъулини соҳаҳои гуногуни шаҳри Душанбе моҳи феврали соли 2017 аз ҷониби соҳибкори ватанӣ пешниҳод гардида буд.

Ба иттилои манбаъ, Лоиҳа аз ҷониби ширкати ватанӣ ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» дар ду марҳила татбиқ гардида, ҳаҷми умумии сармоягузории он 10 миллион доллари америкоӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки татбиқ гардидани лоиҳаи мазкур барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат мекунад.

«Мутобиқи созишнома сармоягузор аз пардохти андоз аз фоида ва аксиз ба муҳлати 5 сол озод гардида, номгӯи молҳои барои татбиқи лоиҳа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод карда мешаванд», — афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки дар иҷлосия як қатор масъалаҳои дигар низ муҳокима гардиданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво