«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…»! Дар Хуҷанд Шоҳҷоизаи озмуни мазкур насиби хонандаи синфи 10-ум Фирӯза Шарипова гардид
617
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» байни муҳассилини макотиби миёнаи умумии шаҳр баргузор ва ғолибон муайян гардиданд.
Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамон Шоҳҷоиза насиби хонандаи синфи 10-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 Фирӯза Шарипова гардид. Барандаи Шоҳҷоиза бо маблағи пулӣ аз ҷониби шуъбаи маорифи шаҳр сарфароз гардид. Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, 17 нафар ғолибон, соҳибони шоҳҷоизаҳои макотиби шаҳри Хуҷанд дар озмуни ниҳоии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» байни муҳассилини макотиби миёнаи умумии шаҳр дониши хешро дар назди доварон санҷиданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар маҷмӯъ аз макотиби шаҳри Хуҷанд беш аз 600 нафар хонандагон фаъолона иштирок намуданд. «Ҳадафи аслии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ мебошад», -афзуд манбаъ. Ёдовар мешавем, ки Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…», ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандон роҳандозӣ гардидааст, дар шаҳру навоҳии мамлакат бо маром ҷараён дорад.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |