19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Иттиҳоди Аврупо барои сохтмони НБО-и «Себзор» 20 миллион евро ҷудо мекунад

410
Бо мақсади рушди устувори деҳот, энергияи сабз ва паст намудани сатҳи камбизоатии сокинони ноҳияи дурдасти Тоҷикистон, дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Неругоҳи барқии обии «Себзор» бунёд мешавад. Бо мақсади татбиқи бунёди неругоҳи мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо 20 миллион евро ҷудо мегардад.

Масъалаи мазкур зимни ҷаласаи 7-уми Кумитаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва ҷаласаи 2-юми Зеркумитаи ҳамкорӣ, ки имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ бо иштироки ҳайатҳои ҳарду ҷониб баргузор шуд, матраҳ гардид.

Дар ҷаласаҳои имрӯза ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода ва ҳайти Иттиҳоди Аврупоро дар Кумитаи ҳамкорӣ директор оид ба Россия ва Осиёи Марказии Комисияи ИА Лук Девин, дар Зеркумитаҳои ҳамкорӣ роҳбари шуъбаи ҳамкории байналмилалӣ ва рушд оид ба Осиёи Марказӣ, Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқи наздики Комисияи ИА Рафелла Иотиче роҳбарӣ намуданд.

Зимни суҳбат сардори Раёсати тарҳрезӣ, идоракунӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика ва захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки 20 миллион евро барои татбиқи НБО-и «Себзор» тасдиқ гардид, маблағҳои грантӣ буда, дар сурати табиқи лоиҳаи мазкур имкон фароҳам оварда мешавад, ки шабакаҳои барқии ВМКБ пурра бо неруи барқ таъмин шаванд ва низому амнияти энергетикӣ дар ин минтақа беҳтар гарданд.

«Тибқи асосноккунии техникии иқтисодии лоиҳа, ки аз ҷониби ширкати шведсиягии «Свико» омода шудааст, дар доираи амалишавии он тахминан 220 ҳазор нафар аҳолӣ бо неруи барқ таъмин мешаванд. Ҳамзамон шароит ба миён меояд, ки неруи барқи зиёдатӣ дар фасли тобистон ба ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содир карда шавад», — афзуд номбурда.

Дар ҷаласаҳои зикршуда, ҳамчунин мавзӯъҳо вобаста ба Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо, рушди макроиқтисодӣ ва соҳаҳо дар Тоҷикистон бо назардошти ҳамгироии минтақавӣ, муносибатҳои тиҷоратӣ, энергетика ва об, сиёсати хориҷӣ, волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҷаласаҳои мазкур дар фазои дӯстона ва натиҷабахш сурат гирифта, дар он самтҳои асосии ҳамкории минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мушаххас гардиданд. Аз ҷумла, ҷонибҳо лоиҳаи «Барномаи нави бисёрсолаи индикативӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2021-2027»-ро барои маблағгузории соҳаҳои афзалиятноки иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дастгирӣ намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки татбиқи «Барномаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои Тоҷикистон давоми солҳои 2014-2020» 251 миллион евроро дар бар мегирад. Маблағҳои мазкур барои дастгирии самти маориф, илм, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, кишоварзӣ ва сарҳадот равона мегарданд.

Зимни муаррифии «Барномаи нави бисёрсолаи индикативӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2021-2027» зикр гардид, ки маблағи он нисбат ба барномаи қаблӣ бештар буда, ба самтҳои тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ ва сарҳадот равона хоҳад шуд.

Хотиррасон менамоем, ки Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск 29-30 майи соли равон бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва башардӯстонаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, татбиқи санадҳои қаблан имзошуда, аз ҷумла Созишномаи ҳамкорӣ ва шарикӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ карда, нақши Шӯрои ҳамкорӣ, Кумитаи ҳамкорӣ, Зеркумитаи рушди он, Муколамаи сиёсию амниятӣ ва Муколамаи ҳуқуқи инсонро барои таҳкими муносибот назаррас арзёбӣ карданд.

Дар доираи сафараш Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кӯли Сарез ва ноҳияи Дарвоз дидан намуд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво