20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ доир ба боришоти зиёди рӯзҳои охир

592
Боду ҳавои номусоид ва боришоти зиёди рӯзҳои охир дар ҳудуди як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат боиси омадани сел гардид. Аз ҷумла, 1 июни соли 2019, дар натиҷаи боришоти шадид, дар деҳаи Оби шифои ҷамоати деҳоти Чоргултеппа аз самти ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ сел омада, ба дохили таҳхонаи 8 хонаи истиқоматӣ ва 70 майдончаи наздиҳавлигии шаҳрвандон даромадааст.Хушбахтона, дар ин рӯз ҳисороти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 2 июни соли равон дар деҳаи Меҳнатободи ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон, вилояти Хатлон аз селобаҳо 18 адад замини наздиҳавлигӣ, 1 бинои ёрирасон ва 1 кӯпрук қисман, ки деҳаро бо шоҳроҳи Бохтар-Душанбе мепайваст, зарар диданд. Мутаассифона, дар натиҷаи ин ҳодиса сокини 18-солаи маҳаллӣ ба ҳалокат расид.

Ба иттилои манбаъ, барои ташкили кор дар бартарафсозии офати табиӣ гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Рустам Шоҳиён ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуд.

«Ҳоло дар макони офати табиӣ корҳои барқарорсозӣ идома дошта, дар ҷойи ҳодисаҳо барои муайян намудани зарар комиссияҳои фавқулоддаи ноҳиявӣ кор карда истодааст», — илова намуд манбаъ.

Тавре аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво ноустувор боқӣ мемонад. Дар мамлакат боридани борону жола ва эҳтимоли ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ мешавад. Дар баъзе ҷойҳо боридани бошиддати борон дар назар дошта шудаааст.Табиист, ки боло рафтани сатҳи оби дарёҳо ба вуҷуд меояд.

Дар ин робита, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ба сокинону меҳмонони ҷумҳурӣ муроҷиат намуда, хоҳиш кардааст, ки дар ин рӯзҳои боронӣ бештар эҳтиёткор бошанд ва чораҳои амниятиро риоя намоянд. Аз сафар ба кӯҳҳо, ҷамъоварии ҳезум ва дигар амалҳое, ки дар маҳалҳои кӯҳӣ мегузаранд, худдорӣ намоянд.

«Беҳуда дар урфият нагуфтаанд, ки «Эҳтиёт –ними ҳаёт!», Ҳангоми рафтан ба манотиқи кӯҳӣ талош кунед бо худ телефони мобилӣ дошта бошед. Ба кӯдакон бештар таваҷҷуҳ намоед, онҳоро ҳаргиз беназорат нагузоред. Бахусус, нагузоред, ки бе раҳнамоии калонсолон ба кӯҳу пушта раванд», -омадааст дар муроҷиати Кумита.

Бо мақсади таъмини амнияту бехтарӣ КҲФ ва МГ аз масъулин ва сокинони ҷумҳурӣ хоҳиш кардааст, ки ҷӯйбору каналҳоро ҳамеша аз хасу хошок ва дигар партов пок нигоҳ доранд, то садди роҳи оби гузар нашаванд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво