20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон

511
1 июни соли равон Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро, ки бо сафари расмӣ дар Теҳрон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар оғози дидор Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон салом ва паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ расонд.

Дар мулоқот муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои таҳкиму густариши онҳо, вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни суҳбат дар бораи тавсеаи равобити дуҷониба, ба соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо, аз ҷумла тиҷорату иқтисод ишора гардид.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво