3 декабр 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҷавонон ворисони арзандаи халқу миллат

620
Ҷавонон ворисони арзандаи халқу миллат
23-ми майи соли 1997 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавони Тоҷикистон мулоқот намуда, фармонеро «Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон» ба имзо расониданд. Маҳз ҳамин рӯзи таърихӣ боис шуд, ки 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонон эълон гардад.
Имрӯз ба муносибати Рӯзи ҷавонон дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонони Кумита баргузор гардид.
Ҷавонон ворисони арзандаи халқу миллат
-Ҷавонон ворисони арзандаи халқу миллат ва созандагони имрӯзу фардои ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд,-гуфт дар суханронии худ муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода.
- Тӯли 28 – соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҷавонони мамлакат низ дар корҳои созандагии ҷомеа ширкат варзида, тавонистанд нақши созгори худро гузоранд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷавонон ҳамеша дар роҳи ободию бунёдкорӣ таваҷҷуҳ дошта, мехоҳанд ин марзу бум ҳамеша пойдору бегазанд бошад.
Давлату Ҳукумат ҳамеша ба насли ҷавон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд ва Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тамоми қувваю имконияти худро баҳри тарбияи насли наврас, соҳибмаърифат ва боистеъдод равона намуда, кӯшиш мекунанд дар тарбияи мутахассисони баландпоя баҳри пешрафту шукуфоии Ватан саҳм гузоранд. Имрӯз қариб 50 дар сади хизматчиёни давлатиро ҷавонони то 35 — сола ташкил медиҳанд.
Ҷавонон ворисони арзандаи халқу миллат
Ҷавонони имрӯзаи тоҷик дар сиёсат, иҷтимоиёт, иқтисодиёт ва фарҳанг нақши босадоранд. Дастовардҳои ҷавонони давраи истиқлолият дар ҷодаи истеҳсолоту саноат, илму техника, фарҳанг, варзиш ва дигар самтҳои афзалиятнок имрӯз шоёни таҳсинанд. Дастболо шудану сазовори ҷойҳои намоён гардидани шогирдони макотиби миёна ва донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, дастовардҳои варзишгарони тоҷик ва парафшон гардидани Парчами миллии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ далели ин гуфтаҳост.Ҷавонон ворисони арзандаи халқу миллат
Имрӯз ҷавонони Тоҷикистон дар ҳақиқат пайравони Пешвои миллат ва пешбарандагони ҳаёти ҷомеа мебошанд, -гуфт Н.Мирзозода ва аз ҷавонон хоҳиш намуд, ки ба қадри осоиштагӣ расида, фирефтаи ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ нагарданд ва тамоми саъю талоши худро дар боз ҳам ободу зебо гардидани Ватани азиз равона намоянд.
Мухбири «РБ»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво