20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Арзи сипоси Пешвои миллат ба муҳофизони Ватан барои хунсо кардани кӯшиши табаддулоти ҳарбии хоинон

907
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар ба муҳофизони Ватан барои хунсо кардани кӯшиши табаддулоти ҳарбии хоинон ва дар муддати кӯтоҳ нобуд кардани дастаи террористии онҳо арзи сипос намуд.
Сарвари давлат аз ҷумла гуфт: «Воқеаҳои нангини аввали моҳи сентябр, яъне сӯиқасди табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ, ки бо маблағгузориву сарпарастии бевоситаи роҳбарияти собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон сурат гирифтанд, бори дигар нишон доданд, ки баъзе доираҳои сиёсии хориҷӣ то ҳанӯз аз ниятҳои бадхоҳонаи худ нисбат ба миллати тоҷик даст накашидаанд ва мехоҳанд нақшаҳои харобкорона ва хоинонаи хешро бо дасти зархаридону гумоштагонашон амалӣ гардонида, ба сари мардуми мо низоми бегонаро таҳмил намоянд».
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тазаккур дод, ки хоинони миллати тоҷик ва хоҷагони хориҷии онҳо фаромӯш кардаанд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар намегузорад, ки касе зиндагии орому осудаашонро мисли солҳои навадуми асри гузашта бо фитнаангезиву дасисабозӣ халалдор намояд ва халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву бунёдкорӣ берун созад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки бо дастгирии фаъолонаи мардуми кишвар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар муҳлати кӯтоҳтарин тавонистанд нақшаҳои ҷинояткоронаи террористонро барҳам зада, оромии Ватани азизамонро ҳифз ва таъмин намоянд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво