Содироти намаку сементи ватанӣ ба хориҷи кишвар
1025
Раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО гуфт, ки дар вилоят соли 2015 аз ҳисоби маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ба хориҷи кишвар 81,4 ҳазор тонна мавод содирот гардид, ки нисбат ба соли 2014-ум 35,1 ҳазор тонна зиёд буда, кишоварзони хатлонӣ ният доранд дар соли 2016 ҳаҷми онро бамаротиб афзоиш диҳанд.
Ҳамчунин дар соли гузашта нахустин бор аз вилояти Хатлон аз тариқи гузаргоҳи сарҳадии Панҷи Поён беш аз 2 ҳазор тонна намак ва 350 тонна сементи истеҳоли корхонаҳои ватанӣ ба хориҷи кишвар содир гардид, ки дар гузаштаи на чандон дур соҳибкорони мо сементро бештар аз Покистон ворид мекарданд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |