29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Конфронси байналмилалии сатҳи баланд нишони ташаббускор будани Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм мебошад»

413
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил», ки имрӯз дар Душанбе доир гардид, аз ҷониби қишрҳои гуногуни ҷомеа мавриди дастгирӣ қарор гирифт.

Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» андешаҳояшро чунин баён дошт:

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҷаҳон ва минтақа яке аз давлатҳои пешсаф ба шумор меравад. Имрӯз пойтахти мамлакати мо ба макони баргузории ҳамоишҳои муштараку ҳамоҳангсоз дар самти мубориза бар зидди терроризм ва сарчашмаҳои маблағгузории он табдил ёфтааст.

Дар ин ҳамоиши сатҳи баланд беш аз панҷоҳ кишвари ҷаҳон, коршиносон, аз ҷумла дар сатҳи олӣ -муовини Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигарон иштирок доранд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа дар мубориза зидди терроризм нақши калидӣ дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронии худ дар ин конфронс якчанд нуктаи муҳимеро ба саҳми иштирокчиён расонида, аз ҷумла гуфтанд: «Айни замон падидаҳои терроризми байналмилалӣ ҳарчи бештар тақвият меёбанд, ки барои сарнавишти ҷаҳон хатари бузург аст. Бинобар ин, имрӯзҳо муборизаи муштарак ва ҳадафмандонаи давлатҳою халқҳо, ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятҳо, пеш аз ҳама, бо решаву сабабҳои зуҳуроти терроризм аҳамияти махсус касб менамояд».

Сарвари давлат зимни суханронии худ аз он ёдовар шуданд, ки ҳадафи пасипардагии гурӯҳҳои террористӣ ба мо маълум аст. «Тоҷикистон, ки дар таърихи навини худ оқибатҳои фоҷеабори зуҳуроти даҳшатовари терроризму ифротгароиро пушти сар кардааст, бо чунин ҳадафҳои пасипардагии онҳо аз наздик шинос аст.

Мо ҳанӯз дар солҳои аввали истиқлоли давлатӣ бо падидаи густурдаи ба сари мардум бор кардани андешаву равияҳои ифротгароиву бегона ва зӯровариву мудохила аз хориҷ рӯ ба рӯ шудем.

Дар натиҷаи ҷанги таҳмилии дохилӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар сокинони кишвар ба ҳалокат расида, қариб як миллион нафар бехонумон ва гуреза шуданд, 55 ҳазор кӯдак ятим монда, то 30 ҳазор хонаи истиқоматӣ сӯзонида шуд ва садҳо корхонаву коргоҳҳо комилан нобуд гардиданд», — иброз доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ба гуфтаи Парвиз Муҳаммадзода, Тоҷикистон инчунин яке аз мамлакатҳое мебошад, ки дар сатҳи баргардонидани шаҳрвандони худ аз майдони низоъҳои мусаллаҳона тадбирҳои мушахас андешидааст.

«Он шаҳрвандони ҷумҳурии мо, ки фирефтаву гумроҳ шуда, ба гурӯҳҳои террористӣ шомил шудаанд, аксарият имрӯз пушаймон ҳастанд. Ҳукумати Тоҷикистон тайи чанд соли охир аллакай 300 нафар шаҳрвандони худро баргардонид. Охирин маротиба 84 нафар кӯдаки ноболиғро баргардонид, ки ин аз сиёсати хирадмандона ва башардӯстонаи Пешвои миллат шаҳодат медиҳад»,- илова намуд ҳамсуҳбати мо.

Ҳоло Тоҷикистон он шаҳрвандонеро, ки аз кардаи худ пушаймон шуданд, авф намуд ва барои ба зиндагии осоишта роҳнамун сохтани онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Ба андешаи П. Муҳаммадзода, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз кишварҳои калидӣ дар минтақа ба шумор меравад. Зеро соли 2013 мамлакат Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро барои давраи то соли 2020 қабул намуда буд, ки ҳоло дар ҷараёни амалишавӣ қарор дорад.

«Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2006 дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай пешниҳод намуда буданд, ки ин вабои аср на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба минтақа ва тамоми ҷаҳон хатар дорад. Аз ин хотир, пешниҳод намуда буданд, ки дар Тоҷикистон Маркази зидди маводи мухаддир дар доираи ШОС таъсис дода шавад», — гуфт мавсуф.

Тавре мушоҳида мешавад, ҳоло ҷомеаи ҷаҳонӣ дарк кардааст, ки хатару таҳдидҳое, ки аз Афғонистон бармеоянд, имрӯз на танҳо мушкилоти ин мамлакат ва минтақа аст, балки хатаре барои ҷаҳон мебошанд.

Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати бо Афғонистон ҳамсоя ҳамеша дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин мамлакат талош меварзад.

«Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил», ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон мамлакати ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм ва сарчашмаҳои маблағгузории он мебошад. Ин ҳамоиш метавонад, ки барои пайдо намудани роҳҳои нави мубориза бар зидди ин зуҳурот замина гузорад ва он идомаи мантиқии чорабиниҳои сатҳи баланди амниятие мебошалд, ки соли гузашта дар Тоҷикистон доир гардиданд», -хулоса намуд муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода.



Матолиби ҳамсон

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво