16 июл 2019, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Дар Душанбе ҷаласаи гӯруҳи корӣ оид ба масъалаҳои амният дар формати С5+1 баргузор гардид

34
Имрӯз дар Душанбе Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва ИМА ҷаласаи Гуруҳи корӣ оид ба масъалаҳои амният дар формати С5+1-ро баргузор намуд.

Ҳайати намояндагони ИМА-ро иҷрокунандаи вазифаи муовини Ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Осиёи Марказӣ Марк Муди ва сафири ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Марк Ҷон Поммершайм ва ҳайяти намояндагони Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷии ҶТ Музаффар Ҳусейнзода сарварӣ намуданд.

Иштирокчиён зимни сӯҳбат ҳамкориҳои минтақавӣ дар мубориза бар зидди терроризм ва таҳдидҳои бозгашти ҷанговарони хориҷиро баррасӣ намуданд.

«Соҳибистиқлолии ҳақиқӣ, мустақилият ва якпорчагии ҳудудии кишварҳои ин минтақа барои Иёлоти Муттаҳида аҳамияти хоса дорад ва мо дар доираи сиғаи C5 + 1 ва тавассути кӯшишҳои дуҷониба барои таъмини ин ҳадафҳои муҳим талош хоҳем кард», зикр намуд зимни вохӯрӣ сафири ИМА Поммершайм.

Иҷрокунандаи вазифаи муовини Ёвари Котиби давлатии ИМА Муди ва ҳайати намояндагон лоиҳаҳои минтақавиро роҷеъ ба муқовимат ба ифротгароии хушунатомез, аз ҷумла семинарҳои гузашта ва оянда оиди истифодаи барномаи ҳамкории полис бо ҷомеа, таҳаммулпазирии динӣ, ҷалби ҷавонон, шабакаҳои иҷтимоӣ баҳри пешгирӣ намудани ҷалби ҷавонон ба ифротгароии хушунатомез баррасӣ намуданд. Гурӯҳи кории мазкур нақшаҳоро барои вохӯриҳои ояндаи сиғаи C5 + 1 тасдиқ карданд.

C5 + 1 формати мусоиди мулоқот ва платформа барои кӯшишҳои муштарак баҳри ҳалли масъалаҳое мебошад, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва давлатҳои Осиёи Маркази бо онҳо рӯ ба рӯ мегарданд. Дар вохурии аввалини вазирҳо дар формати С5 + 1, ки моҳи ноябри соли 2015 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, вазирони шаш давлат ба мувофиқа омаданд, ки таваҷҷуҳи хосаро ба се бахши асосии дорои аҳамияти умумӣ равона месозанд: амният, иқтисодиёт ва масъалаҳои муҳити зист (экологӣ). Дар вохурии дуюми вазирон дар формати С5+1, ки моҳи августи соли 2016 дар пойтахти ИМА шаҳри Вашингтон баргузор гардид, вазирони шаш давлат ба қарор омаданд, ки панҷ лоиҳаро дар се соҳаи асосӣ роҳандозӣ менамоянд. Лоиҳаҳои мазкур бо дастгирии ассигнатсияи Конгресси ИМА ба маблағи 15 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ карда мешаванд. Аз лаҳзаи таъсиси формати C5 + 1 давлатҳои Осиёи Марказӣ дар усулҳои минтақавии баррасии масъалаҳо бештар манфиатдор гардидаанд ва формати мазкурро катализатор ё таҳрикдиҳанда амалҳои муштарак меҳисобанд.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво