23 июл 2019, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Парлумони Тоҷикистон Протокол ба Конвенсия дар бораи меҳнати маҷбуриро тасдиқ намуд

162
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Протокол ба Конвенсия дар бораи меҳнати маҷбурӣ аз соли 1930-ро тасдиқ намуд.

Имрӯз вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон зимни ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон, даъвати панҷум Протокол ба Конвенсия дар бораи меҳнати маҷбурӣ аз соли 1930 ва лоиҳаи як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти ин ниҳод иттилоъ медиҳад, ҷаласаи мазкур таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид.

Бояд гуфт, ки Протокол ба Конвенсияи мазкур 11 июни соли 2014 дар Конференсияи генералии Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат қабул гардида, яке аз санадҳои байналмилалии ҳатмӣ — ҳуқуқии дорои хусусияти қатъӣ ба шумор меравад.

Тавре узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Бахтовар Сафарзода дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» баён дошт, «ин ҳуҷҷат талаботи Конвенсия дар бораи меҳнати маҷбуриро дар самти амалҳои бар зидди чунин зуҳуроти муосир, аз қабили савдои одамон бо мақсади меҳнати маҷбурӣ пурра менамояд».

Бояд гуфт, ки Конвенсияи зикргардида дар мубориза бо ҳама гуна шаклҳои меҳнати маҷбурӣ нақши ҳаётан муҳим гузоштааст.

«Солҳои охир дар ҷараёни татбиқи муқаррароти Конвенсия номутобиқатии он ба масъалаҳои замони муосир ва норасоиҳо дар чораҳои тавсияшавандаи амалӣ, ба монанди чораҳои иловагии пешгирӣ, ҳимоя ва воситаҳои ҳимояи ҳуқуқӣ, ҷуброни зарар ва тавонбахшии ҷабрдидагони меҳнати маҷбурӣ нақши намоён гаштааст», — илова намуд мавсуф.

Ба гуфтаи ин вакили мардумӣ, мазмун ва шаклҳои меҳнати маҷбурӣ айни замон дигаргун шуда, аз ҷумла савдои одамон бо мақсади меҳнати маҷбурӣ ва истисмори шаҳвонӣ мавзӯи изтироби рӯзафзуни ҷомеаи байналмилалӣ гаштаанд.

Бояд гуфт, ки ин норасоиҳоро ба инобат гирифта, коршиносони Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат пешниҳодҳоро дар шакли Протокол ба Конвенсия таҳия намуданд.

«Тибқи талаботи протоколи мазкур давлатҳои аъзо уҳдадор мешаванд, ки дар ин самти сиёсати миллӣ чораҳои ба талаботи замон мувофиқ амалӣ намоянд», — илова намуд Бахтовар Сафарзода.

Мавриди зикри хос аст, ки мутобиқи моддаи 8-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакати мо меҳнати маҷбурӣ манъ мебошад.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво