Роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии Осиёи Марказӣ дар Душанбе мушкилоти соҳаро баррасӣ намуданд
526
Мушкилоти мавҷудаи соҳаи авиатсияи гражданӣ, ки ба афзоиш ва рушди парвозҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ монеа эҷод менамоянд, ҳамчунин масоили марбут ба бехатарии авиатсионӣ ва таъмини сӯзишворӣ дар нахустин нишасти роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе баррасӣ гардид.
Нишасти мазкур бо ибтикори ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ /ИАТА/ гузаронида шуда, дар ҷараёни он роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» (Тоҷикистон), «Эйр Астана» (Қазоқистон), «SCAT» (Қазоқистон), «QAZAQ Air» (Қазоқистон), «Uzbekistan Airways» (Ӯзбекистон) ва «Авиа Траффик» (Қирғизистон) иштирок намуданд. Дар нишаст гуфта шуд, ки тибқи дурнамои ИАТА то соли 2037 гардиши мусофирон дар саросари ҷаҳон ду маротиба афзоиш меёбад ва бо сабаби гароиши маркази иқтисоди ҷаҳонӣ аз Ғарб ба Шарқ сатҳи интиқолоти ҳавоӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ боло хоҳад рафт. Густариши ҳамкории байнидавлатӣ омили муҳими ин раванд мебошад. Ширкатҳои ҳавопаймоии минтақа як зумра мушкилоти соҳаро зикр намуданд, ки ба рушди авиатсия дар Осиёи Марказӣ халал ворид месозанд, аз ҷумла, на танҳо ширкатҳои ҳавопаймоӣ, балки мақомоту сохторҳои танзимкунандаи соҳа набояд аз бехатарии авиатсионӣ сарфи назар намоянд ва ба пуррагӣ ба стандартҳои байналмилалии бехатарии авиатсионӣ, аз ҷумла ба талаботи Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO), стандартҳои техникии Агентии Аврупо оид ба бехатарии парвозҳо (EASA), аудити бехатарии истифодаи ИАТА (IOSA) ва талаботи аудити ИАТА оид ба бехатарии хизматрасонии рӯизаминӣ (ISAGO) ҷавобгӯ бошанд. Инчунин таваҷҷуҳи Ҳукумати кишварҳо бояд ба истифодаи таҷрибаи беҳтарини ҷаҳонӣ оид ба андозбандӣ, пардохтҳои гумрукӣ ва дигар хароҷоти марбута ҷалб гардад. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ, аз ҷумла коркарди маълумот дар бораи мусофиронро барои мақсадҳои бехатарии авиатсионӣ муҳим мешуморанд, аммо низомҳои мазкур набояд аз ҳисоби ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва мусофирон маблағгузорӣ шаванд. Айни замон дар 94 кишвари ҷаҳон аз коркарди маълумоти мусофирон пардохтҳо ситонида намешаванд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |