1 декабр 2023, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ФАРМОИШ аз «20» январи соли 2016 №2/ф ш. Душанбе

1320
Дар бораи сарфароз гардонидани кормандони соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ бо нишони соҳавии «Меъмори фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ифтихорномаи фахрӣ»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мутобиқи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», банди 8 Низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014 №150 тасдиқ шудааст,

ф а р м о и ш м е д и ҳ а м:


1. Барои фаъолияти пурмаҳсулу самаранок ва саҳми босазою арзанда гузоштан дар рушди соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, аз натиҷаи ҷамъбасти фаъолият дар соли 2015 кормандони зерин тибқи рӯйхати замимагардида бо нишони соҳавии «Меъмори фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ифтихорномаи фахрӣ»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шаванд.
2. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Н.Ғ. гузошта шавад.

Раис Ҷ. Аҳмадзода





Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво