29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе троллейбусҳои нав рунамоӣ гардиданд

489
Имрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе маросими рӯнамоии троллейбусҳои муосири тамғаи 3321 00 D, ки аз Ҷумҳурии Беларус дастрас гардидаанд, баргузор шуд. Ин троллейбусҳои муосир дар минтақаи Осиё Марказӣ бори аввал ба шаҳри Душанбе оварда шудаанд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, воситаҳои нақлиёти мусофиркашонии барқии замонавӣ бо ташаббуси Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» харидорӣ гардидаанд. Ин троллейбусҳо барои беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонии мусофиркашонӣ дар пойтахт мусоидат намуда, ҳамзамон бо тарҳу намуди зебо ва муосири худ ҳангоми ҳаракат дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ба он шукӯҳи тоза мебахшанд.

Зимни рӯнамоии воситаҳои нақлиёти барқии замонавӣ иттилоъ дода шуд, ки троллейбусҳои муосир дар ширкати «Белкоммунмаш»-и Ҷумҳурии Беларус истеҳсол гардида, аз лиҳози харҷи камтари нерӯи барқ, сатҳу сифати хизматрасонӣ ва ҳаракат дар тамоми ҳолату шароити шаҳр аз тамғаҳои қаблӣ бартарияти зиёд доранд.

Троллейбусҳои мазкур бо истифода аз технологияи пешрафта истеҳсол гардида, дорои муҳаррики қувваи ҷараёни тағйирёбандаи қабулкунанда ва батареяҳои литий барои захираи нерӯи барқ мебошад. Ин имкон медиҳад, ки ҳангоми ҳаракат тавассути ноқил троллейбус дар таҷҳизоти худ нерӯи барқро захира намуда, дар ҳолати зарурӣ то масофаи 15 -20 километр бе ноқил ҳаракат намояд.

Зимни шиносоӣ Раиси шаҳри Душанбе ба масъулин дастур доданд, ки баҳри дар оянда ворид намудани чунин воситаҳои нақлиёти муосири мусофиркашонӣ ва таҷдиди парки троллейбусҳо чораҷӯӣ карда, дараҷаи тахассуси касбии ронандагон тавассути курсҳои бозомӯзӣ баланд бардошта шаванд.Зеро онҳо бо воситаҳои навтарини техникӣ муҷаҳҳаз гардида, аз ронандагон малакаҳои иловагиро талаб менамоянд.

Троллейбусҳои муосир иқтидори ғунҷоиши то 90 нафар мусофирро дошта, аз 22 ҷойи нишаст, лавҳаҳои иттилоотӣ, воситаҳои огоҳкунӣ аз ҷониби мусофирон дар дохил ва беруни он, инчунин низоми мушоҳидавии дохилӣ бо 8 адад камера иборат аст, ки барои фаъолияти ронандагон қулай мебошад.

Ҳамчунин барои даромаду баромади мусофирон дар он низоми «книлинг» насб гардидааст, ки дар ҳолати зарурӣ даромадгоҳи троллейбус ба воситаи дастгоҳи идоракунӣ аз ҷониби ронанда паст ва баланд карда мешавад.

Барои нафарони дорои имкониятҳои маҳдуд дар даромадгоҳи мобайн таҷҳизоти «аппарел» насб гардидаст, ки тавассути он даромадгоҳ то сатҳи лозима поёну боло карда мешавад.

Дар ҷараёни боздид ба масъулини дахлдор супориш дода шуд, ки троллейбусҳои нав дар давоми 6 моҳи аввал ба таври озмоишӣ истифода бурда шаванд.

Ҳамчунин Раиси шаҳр таваҷҷуҳи роҳбарияти корхона ва масъулини дахлдорро ба масъалаи нигоҳдошт ва хизматрасонии техникии воситаҳои нақлиётии мусофиркашонии барқӣ ҷалб намуда, таъкид карданд, ки барои муоинаи техникии онҳо дар корхона шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад.

Мавриди зикр аст, ки айни замон дар 7 хатсайри троллейбусии шаҳри Душанбе 87 адад воситаҳои нақлиёти барқии корхона ба мусофирон хизмат мерасонанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво