29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҳукумати Тоҷикистон ба ҷавонон-ояндаи давлату миллат боварии комил дорад, -бардошт аз мулоқот дар Истаравшан

502
Дирӯз дар қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан мулоқоти кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон, фаъолони ҷомеа, донишҷӯён ва ҷавонони шаҳри мазкур доир гардид.

Дар ҳамоиш сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД Абдусаттор Фаттозода, сардори Маркази матбуоти Вазорат Умарҷони Эмомалӣ ва намояндагони ҳокимияти иҷроия, ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» иштирок намуданд.

Муовини раиси шаҳри Истаравшан Нигора Наимҷонзода иброз дошт, ки чунин робитаву ҳамкорӣ ҷавононро ба сӯйи созандагиву бунёдкорӣ ҷалб менамояд.

Сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати мазкур А.Фаттозода сатҳи ҷинояткорӣ ва дигар ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавононро шарҳ дода, иброз дошт, ки хеле тассуфовар аст, вақте ки бархе ҷавонон ба ҷойи омӯхтани илму ирфон, донишу маърифат ба ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунӣ даст мезананд. Мавсуф аз таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти давлат ба соҳаи маориф ёдовар гардида, зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонон- ин неруи созанда ва ояндаи давлату миллат боварии комил доранд.

Дар ҳамоиш сардори маркази матбуоти Вазорат Умарҷони Эмомалӣ вобаста ба дастовардҳои замони истиқлолият ибрози андеша намуда, таваҷҷуҳи ҷавононро ба ҷойгоҳи илму дониш ва одобу ахлоқ дар мероси адабии шоирону нависандагони форсу тоҷик ҷалб намуд.

Дар анҷоми ҷамъомад аз номи Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба як гурӯҳ донишҷӯён ва фаъолони ҷомеа Ифтихорномаву Сипоснома тақдим карда шуд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво