29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара маҳфили «Соҳибкорони созанда» доир гардид

480
Иқдоми амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ саривақтӣ буда, бозгӯи таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои рушди иқтисодиёти миллӣ аст.
Ин нуктаро ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Нуралӣ Шоҳиён дар маҳфили «Соҳибкорони созанда», ки бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи авлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи мазкур доир гардид, баён дошт.
Нишасти мазкур дар доираи татбиқи «Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» созмон дода шуда, дар он намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон», мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ва соҳибкорону сармоягузорон, ҷавонон, роҳбарият ва масъулони соҳаи иқтисодиёти ноҳияи Данғара иштирок намуданд.
Иштирокдорони нишаст роҷеъ ба ҳадафу вазифаҳои муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон», инчунин ислоҳоти гузаронидашуда дар самти рушди соҳаҳои соҳибкориву сармоягузорӣ ибрози назар намуда, аз соҳибкорони маҳаллӣ ва ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки барои рушди малакаи соҳибкории худ бо муассиса ҳамкории зич дошта бошанд.
Дар ин росто, байни муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ва раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара ҷиҳати ба таври мунтазам ба роҳ мондани тренингҳои интенсивӣ барои соҳибкорони ҷавон бо иштироки соҳибкорони ботаҷриба дар заминаи донишгоҳ мувофиқа ҳосил шуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво