19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020

569
Ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020Фаъолияти мунтазам ва самарабахши соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 дар ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ, ки дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим доир гардид, баррасӣ шуд.

Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа вобаста ба масъалаи матраҳгардида намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат ва шаҳру ноҳияҳои кишвар доир ба корҳои анҷомдодаашон гузориш доданд.

Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим дар интиҳои ҷаласа ба масъулини вазорату идораҳои марбутаи соҳавӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои бо сифати баланд ва дар сатҳи зарурӣ иҷро намудани нақшаи чорабиниҳои дахлдор, фаъолияти мунтазам ва самарабахш ва омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 супоришҳои мушаххас дод.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво