23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии матбуоти озод дар Душанбе конфронси байналмилалӣ баргузор гардид

587
Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии матбуоти озод дар Душанбе конфронси байналмилалӣ баргузор гардид

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии матбуоти озод Конфронси байналмилалии «Мусоидати расонаҳо барои рушди устувории сулҳ ва демократия» баргузор гардид.

Дар кори он 130 нафар рӯзноманигор ва коршиносони расонаии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Россия, Афғонистон ва созмонҳои байналмилалӣ ҷамъ омаданд.

Дар доираи конфронс иштирокчиён масъалаҳои озодии баён чун василаи созгор барои бунёди демократия ё сабаби нооромӣ дар ҷомеа, мушкилоти ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ахлоқии рушди рӯзноманигорӣ, фанновариҳои навин, журнализм ва озодии суханро баррасӣ намуданд.

Ҳадафи асосии баргузории ин ҳамоиш рушди гуногунандешӣ ва озодии баён дар ҷаҳон мебошад. Ҳамасола Рӯзи ҷаҳонии матбуоти озод таҳти шиорҳои гуногун бо ҳузури густардаи доираҳои рӯзноманигорӣ дар қолаби конфронсу семинар ва дарсҳои омӯзишӣ таҷлил карда мешавад.

Тавре мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода зикр намуд, Тоҷикистон ҳамчун як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ тӯли ин солҳо ҳамеша ба арзишҳои умумибашарӣ, ки дар санадҳои байналмилалӣ зикр гардидаанд, арҷ гузошта, ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро дар Конститутсияи мамлакат чун арзиши олӣ эътироф намуда, риоя ва таъмини онро кафолат додааст.

Ҳамчунин М.Абдуллозода зикр намуд, ки «озодии баён ва матбуот аз ҷузъҳои таркибии озодии инсон аст ва таъмин будани он барои суботи ҷомеа, пешрафту рушди бемайлони кишвар ва ҳамоҳангии фаъолияти ҳукумат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат менамояд. Бо дарки ин нуктаи муҳим нақши рӯзафзуни ВАО дар ҷомеа, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин будани чунин озодиҳоро ҳамеша дар мадди назар дорад».

Инчунин зикр гардид, ки имрӯз ВАО-и Тоҷикистон муҳимтарин ниҳоди иҷтимоии кишвари мо ба ҳисоб рафта, ба таъкиди Сарвари давлат, вазифаи он ҳифзи фазои иттилоотии кишвар аз ҳама гуна таҳдидҳои беруна, хабарҳои иғвобарангез ва таъмини ҷомеа бо иттилооти дурусту саҳеҳ буда, ҳадафи олии он ҳифзи арзишҳои миллӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, инчунин мусоидат ба рушди иқтисодиёт, илм, технология ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим мебошанд.

Зикр шуд, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ 376 рӯзнома ва 265 маҷалла фаъолият дошта, аз ин шумора мутаносибан 112 ва 114 адади он давлатӣ мебошад.

«Ҳоло дар мамлакат 71 нашриёт мавҷуд аст, ки аз он 10 адад давлатӣ ва 61 адад ғайридавлатӣ мебошанд. Аз 10 агентии иттилоотии амалкунанда танҳо 1 адад давлатӣ аст. Инчунин 75 ташкилоти телевизион ва радиоӣ мавҷуданд, ки 50-тои онҳо ғайридавлатӣ мебошанд», — иброз намуд М.Абдуллозода.

Бояд зикр намуд, ки ҳамоиш бо ибтикори Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе баргузор гардид.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво