23 июл 2019, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

9 май дар Боғи Ғалабаи Душанбе гузашти низомӣ доир мегардад

44
9 май ба ифтихори 74-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳони солҳои 1941-1945 дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе паради ҳарбӣ баргузор мегардад.

Дар ин хусус сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Нозимиён иттилоъ дод. Мавсуф афзуд, ки дар гузашти низомӣ дар радифи иштироки ҳайати шахсии сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятии кишвар, инчунин афсарону сарбозон ва курсантони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок менамоянд

Тибқи иттилои манбаъ, имрӯзҳо дар Боғи Ғалабаи пойтахт ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани паради ҳарбӣ ҳайати шахсии дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии қисмҳои низомии қӯшунҳои хушкигард, зудамал ва кӯшунҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, инчунин курсантони муассисаҳои олии ҳарбии ин сохтори қудратии кишвар омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво