20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

То соли 2021 дар ноҳияи Синои пойтахт 1704 иншоот бунёд мегарданд

608
Бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе корҳои ободонию созандагӣ вусъат меёбанд. Дар доираи ин омодагиҳо барои сайру гашти сокинон ва меҳмонони пойтахт дар хиёбони Ҷаббор Расулови ноҳияи Синои пойтахт бунёди гулгаштҳои муосир идома доранд. Гулгаштҳои нав мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардида, дар онҳо муҷассамаи каҳрамонҳои афсонавӣ ва дигар воситаҳои ороишӣ насб гардидаанд.

Тавре муовини аввали раиси ноҳияи Сино Сафар Олимов иттилоъ медиҳад, баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия бунёди 1704 иншооти таъйиноташон гуногун бо таъсиси 2809 ҷойи нави корӣ, аз ҷумла, сохтмон ва навсозии 18 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 8 муассисаи томактабӣ барои 1260 ҷой, 7 муассисаи тандурустӣ, 19 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 17 маркази хизматрасонӣ, 35 бинои истиқоматӣ, 23 майдончаи варзишӣ ва 150 партовгоҳ ба нақша гирифта шудааст.

«Бо дастури Пешвои миллат аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо МД «Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 84 ва 99 дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Бояд илова намуд, ки бинои замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 99 аз 3 ошёна иборат буда, дар маҷмӯъ дорои 27 синфхонаи бо аёнияти хониш муҷаҳҳаз мебошад. Иншоот ба системаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст буда, камераҳои назоратӣ дар ҳар як ошёна ва атрофи он насб карда шудаанд. Ин иншооти таълимӣ барои 1260 нафар дар ду баст пешбинӣ шудааст. Арзиши умумии харҷномавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 99 дар маҷмӯъ зиёда аз 14 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Алҳол дар ҳудуди ноҳияи Сино сохтмони 23 майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакона идома дорад», — афзуд номбурда.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво