Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба наздикӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои шаҳрсозии муштараки Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он ду масъала аз ҷумла; лоиҳаи ангоравии “Нақшаи муфассали банақшагирии қисмати ҷанубу ғарбии буриши кӯчаҳои А.Дониш ва М.Мастонгулов, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе” ва лоиҳаи ангоравии “Нақшаи муфассал дар ҳудуди буриши кӯчаҳои А. Рӯдакӣ ва А. Зикири шаҳри Ваҳдат” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Нисбат ба ҳар як масъала иштирокчиёни ҷаласа фикру мулоҳизаҳои худро баён намуда, барои ислоҳи лоиҳаҳои ангоравии зикргардида пешниҳодҳои дахлдорро тавсия доданд.
Баъд аз мулоҳизаронӣ оид ба масъалаҳои 1-ум ва 2-юми рӯзномаи Шӯро қарор қабул карда шуд, ки бо назардошти таклифу пешниҳодҳои аъзоёни Шӯро лоиҳаҳои ангоравии пешниҳодшуда, аз нав такмил дода шуда, барои баррасии иловагӣ пешниҳод карда шаванд.
Э.Маҳмадиев