26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Тоҷикистон нахустин маҷмӯаи суханрониҳои сарвари Чин ба нашр расид

516
Дар рӯзи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати иштирок дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» (25 апрели соли 2019) дар нашриёти «Контраст» маҷмӯаи суханрониҳои Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар мавзӯи масоили муҳими сиёсати хориҷӣ бо забони тоҷикӣ ба нашр расид.

Дар ин маҷмӯа суханрониҳо ва маърӯзаҳои интихобии Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин дар мавзӯи асосҳои барномавии сиёсати хориҷии ин давлат, масоили татбиқи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» ва бунёди ҷомеаи сарнавишти ягонаи башарият гирдоварӣ шудаанд.

Суханрониҳо ва маърӯзаҳои мазкур давраи аз моҳи ноябри соли 2014 то моҳи майи соли 2017-ро фаро мегиранд. Маҷмӯаи ранга аз се қисм ва 156 саҳифа иборат аст.

Китоби Си Ҷинпинро аз забони русӣ ба тоҷикӣ журналист ва публисист, корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон Бобоҷони Шафеъ тарҷума карда, таҳиягар ва муҳаррири масъули он доктори илмҳои таърих, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робитаҳои хориҷӣ Зафар Сайидзода мебошад.

Бояд гуфт, ки ин нахустин нашри китоби сарони давлати Чин дар кишвари мо бо забони тоҷикӣ аст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво