10 август 2022, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Баёнияи муштараки Мизи мудаввари сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳукуматҳои Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» қабул гардид

437
Дар фарҷоми кори Форум Баёнияи муштараки Мизи мудаввари сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳукуматҳои Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ” қабул гардид.

Он аз дебоча, шаш қисм, 38 банд ва замима иборат мебошад, аз ҷумла қисмҳои: таҳкими синергияи сиёсати рушд, тақвияти ҳамбастагии инфрасохторӣ, пешбурди рушди устувор, таҳкими ҳамкориҳои амалӣ, пешбурди табодули одамон.

Дар Баёнияи муштарак бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби 40 роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо ҷонибдории татбиқи Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони “Шарҳи миёнамуҳлати фарогири ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” таъкид карда шудааст.

Дар ҳошияи Баёнияи муштарак, муҳимияти рушди роҳҳои нақлиётӣ ва логистикии фароминтақавӣ, аз ҷумла роҳҳое, ки кишварҳои Осиёи Марказиро бо кишварҳои Кавказ, Аврупо, Африка, Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва минтақаи Уқёнуси Ором мепайванданд, барои тақвияти имкониятҳои нақлиётӣ ва коммуникатсионии он (Осиёи Марказӣ) қайд гардидаанд.

Баёнияи муштарак ҳамчунин мавзуъҳои ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, энергияи тоза ва барқароршаванда ва саноатро дар бар мегирад.

Дар Баёнияи муштараки мазкур бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон табодул ва ҳамкорӣ дар соҳаи рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ дар банди 35, роҳи мошингарди “Ӯзбекистон-Тоҷикистон-Чин” дар замимаи он дар қатори дигар ташаббусҳою лоиҳаҳо ворид ва мувофиқа карда шуданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво