22 ноябр 2019, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English

Рустами Эмомалӣ барои муайян намудани беҳтарин беморхона, табиб ва корманди миёнаи тибби сол қарор ба имзо расонид

122
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 18 апрели соли равон ҳисобномаи ҳавасмандгардонии молиявии ғолибони озмунҳои касбии соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе «Беморхонаи сол», «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол», «Табиби сол», «Табиби оилавии сол», «Корманди миёнаи тибби сол» тасдиқ гардид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, ин озмунҳо бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ – маънавии кормандони соҳаи тандурустии шаҳр ва дар доираи Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии самтҳои асосии фаъолияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе доир ба ҳифзи солимии аҳолии пойтахт барои соли 2019 баргузор гардиданд.

Дар асоси ин қарор Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки аз ҳисоби сарфаи маблағҳои соҳаи тандурустӣ 34 000 (сиву чор ҳазор) сомонӣ ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе барои сарфароз гардонидани ғолибони озмунҳо ҷудо намояд.

Раиси шаҳр масъулинро вазифадор намудааст, ки ҷиҳати дар фазои тантанавӣ бо мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонидани ғолибони озмун тадбир андешанд.

Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда мешавад.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво