19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

С. Раҳим: Фаъолияти 82 корхона қатъ гардид

1127
Барои ба талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии бехатарии саноатӣ ҷавобгӯ набудани фаъолият, наандешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба пешгирӣ ва сар назадани ҳодисаҳои нохуш дар иншооти истеҳсолии хатарнок ба 82 роҳбари корхона нишондод оид ба қатъ гардидани фаъолият пешкаш гардид. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати ҶТ Раҳим Санъат Асо иттилоъ дод.
Бино ба маълумоти С. Раҳим, дар хадамот 1 ҳазору 981 корхона ва 12 ҳазору 755 иншооти зериназоратӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи 8 нозироти давлатӣ ва 3 нозироти маҷмӯии бехатарии саноатӣ дар вилояти Бадахшон ва 1 ҳазору 273 назорати техникӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон гузаронида шуд, ки аз онҳо 136 назорати маҷмӯӣ, 711 назорати мақсаднок ва 426 назорати фаврӣ мебошад.
«Дар натиҷаи гузаронидани назоратҳои техникӣ ба ҳамаи корхона ва ташкилот нишондод бо назардошти камбудиҳои ҷойдошта пешниҳод гардида, мӯҳлати муайян барои бартараф ва ислоҳи камбудиҳо дода шудааст»,-илова намуд С. Раҳим.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво