25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2019» оғоз гардид

1220
Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2019» оғоз гардид
Имрӯз Фестивал -озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ "Парасту- 2019" бахшида ба 80-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ба кори худ оғоз намуд.
Дар маросими ифтитоҳи Фестивал-озмун муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён аҳли санъату театрро бо оғози он табрик гуфта, қайд намуд, ки - «Маҳмудҷон Воҳидов ситораи тобони санъати касбии тоҷик буда, дар тӯли умри кӯтоҳ бо ҳунару истеъдоди худ дар дилу дидаи ҳаводорони ин ҳунари воло абадан нақш баст. Нақшҳои офаридаи ӯ дар намоишҳои «Қисмати шоир», «Алломаи Адҳам ва дигарон», «Ромео ва Ҷулйетта», «Муфаттиш», филмҳои ҳунарии «Зумрад», «Ҳасани аробакаш», «Достони Рустам ва Суҳроб», моноспектаклҳои «Гуфтугӯ бо худ» ва ғайраҳо шоҳкориҳои санъати асил буда, ба хазинаи тиллоии фарҳанги миллӣ дохил шудаанд».
Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2019» оғоз гардид
Фестивал-озмун бо намоиши спектакли театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К.Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, аз рӯи асари Р.Ҷалил "Камоли Хуҷандӣ", режиссёраш Сайрам Исоева оғоз гардид.
Дар фестивали мазкур 18 театри касбии кишвар намоишҳои худро, ки тӯли ду соли охир саҳнавӣ гардидаанд, давоми як ҳафта ба тамошобинон ва ҳакамони озмун пешниҳод менамоянд.
Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2019» оғоз гардид
Инчунин дар доираи фестивал баргузории ду суҳбати «мизи мудаввар» – яке дар мавзӯи «Маҳмудҷон Воҳидов – арбоби барҷастаи санъати касбии тоҷик» ва дигаре- «Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон» дар назар аст, ки мунаққидон ва театршиносон андешаҳои худро дар бораи асарҳои ба Фестивал-озммун пешниҳодшуда иброз хоҳанд дошт. Раиси аъзоёни ҳакамони Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбии «Парасту-2019»-ро нависанда ва драматурги шинохта Нур Табаров бар уҳда дорад.

Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2019» оғоз гардид
Фестивал-озмуни «Парасту» аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстию ватанпарастӣ ва анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ гузаронида мешавад.
ТДН,
мухбири "РБ"




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво