29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Муҳоҷирати дохилӣ ба мавзеи Лахши ноҳияи Ҷиргатол

1149
-Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ҳудуди ноҳияи Ҷиргатол ва ноҳияҳои минтақаи Рашт ба мавзеи Лахши ноҳияи Ҷиргатол» дар соли 2015 500 оилаи муҳоҷири дохилӣ кӯчонида шуд: аз ҷумла, 80 оила аз ноҳияи Рашт, 60 оила аз Тоҷикобод ва 360 оила аз Ҷиргатол. Муҳоҷирони дохилӣ дар деҳаи Чоргули ҷамоати деҳоти Муксу, деҳаи Дуванаи ҷамоати деҳоти Алға, деҳаи Ҷаилғани ҷамоати деҳоти Лахш ва деҳаи Сарталои ҷамоати деҳоти Сарталои ноҳияи Ҷиргатол ба таври муташаккилона бо қитьаҳои замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ таъмин гардида, ба ҳар як сардори оила дар ҳаҷми 1500 сомонӣ, дар маҷмӯъ ба 500 оила ба маблағи 750 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок тавассути бахши Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”-и ноҳияи Ҷиргатол пардохт шудааст.
Аз шумораи умумии муҳоҷирони кӯчонидашуда то ҳолати имрӯза 193 оила хонаҳои истиқоматиро сохта, 197 оила девор бардошта, 47 оила таҳкурсии хонаҳоро гузошта, 58 оила сангу шағал захира намуда, ҳоло 119 оилаи муҳоҷирон дар мавзеъҳои нави зист истиқомат доранд. Танҳо 3 оила аз ноҳияи Тоҷикобод ва 2 оила аз ноҳияи Ҷиргатол, дар маҷмӯъ 5 оила ба корҳои сохтмонӣ шурӯъ накардаанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво