Фестивали анъанавии ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид
628
Имрӯз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Фестивали анъанавии ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Кашшофи падидаҳои наврас» ҷамъбаст гардид.
Тавре сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ — фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ғуломзода ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, дар маросими ҷамъбасти фестивал Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Хайриддин Идиев, аҳли илму адаб ва намояндагони Воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ иброз намуд, ки пешрафту тарақиёти ҳар як кишвар аз насли ҷавону бомаърифати ӯ вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ ҳукумати кишвар ба ин соҳа таваҷҷуҳи махсус равона кардааст. «Китобхона хазинаи бузурги фарҳангу маънавиёт ва китоб ганҷинаи бебаҳо дар зиндагии инсонҳост. Дӯсти беғаразу раҳнамо дар ҳама лаҳзаҳову давраҳои ҳаёт, шиноснома ва муаррифи халқу миллатҳо дар арсаи олам аст. Мардуми дунё маҳз ба шарофати китоб, осори гаронбаҳояшон, дар байни дигар қавму миллатҳо шуҳрату маҳбубият пайдо мекунанд»,- зикр намуд Шамсиддин Орумбекзода. Дар ин фестивал ҳамарӯза намоиши китобҳои тозанашр, вохӯриҳо бо адибон, маҳфилҳои гуногуни адабӣ ва ҳунарӣ, барномаҳои ҷолиби консертӣ, ташкили Озмуни расмҳо аз рӯи асарҳои кӯдакона «Китобчаи дӯстдоштаи ман», Озмуни хабарнигорон барои беҳтарин инъикоси таҷрибаи коллективҳои меҳнатӣ оид ба тарғиби китоб ва рушди хониш дар ВАО, сабқатҳои «Фурӯхташавандатарин китоб», «Фаъолтарин хонандаи ҷавон», «Машҳуртарин нависандаи кӯдакон», Озмуни ровиёни ҷавон баргузор гардиданд. Зимни ҷамъбаст дар бахши «Фаъолтарин хонанда» ҷойи якум насиби хонандаи синфи 2-и Мактаб-гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати ш. Душанбе Фархунда Авғонова гардида, ҷойи дуюм ба хонандаи МТМУ №11-и н.И.Сомонӣ Достон Иксанов ва ҷойи сеюм ба хонандаи синфи 6 МТМУ №6 ш.Бохтар Достони Рустам сазовор дониста шуд. Инчунин дар бахши хабарнигорон барои беҳтарин инъикоси таҷрибаи коллективҳои меҳнатӣ оид ба тарғиби китоб ва рушди хониш дар ВАО ҷойи якумро- хонандаи синфи 5 МТМУ №6-и ш. Хуҷанд Санъатхон Мирзоева, ҷойи дуюм –хонандаи синфи 8 МТМУ №11-и н.И.Сомонӣ Садафмо Азимова ва ҷойи сеюмро- хонандаи синфи 7 МТМУ №14-и н.Шаҳринав Амирҳамза Абдуллоев сазовор гардиданд. Дар бахши Озмуни ровиёни ҷавон ҷойи аввалро хонандаи МТМУ №1-и н.Файзобод Шодмеҳр Давлатзода, ҷойи дуюмро хонандаи синфи 10 МТМУ №5 ш.Кӯлоб Саодати Бахтиёр ва ҷойи сеюмро хонандаи синфи 10 МТМУ №1-н.Лахш Шабнам Қосимова мушарраф гардиданд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |