8 март 2021, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Дастаи мунтахаби наврасони то 15-солаи Тоҷикистон дастаҳои Қирғизистону Мйанмаро шикаст дод

315
Дастаи мунтахаби наврасони то 15-солаи Тоҷикистон дирӯз дар даври дуюми мусобиқаи байналмилалии Ҷоми “Роҳи абрешим – Ҳуа Шан” (Silk Road – Hua Shan Cup-2019) дар Чин бар дастаи мунтахаби Мйанма бо натиҷаи 5:0 ғалаба карда, мавқеашро дар садри ҷадвали мусобиқа нигоҳ дошт. Дар даври аввали бозиҳо футболбозони навраси мамлакат дастаи мунтахаби Қирғизистонро дар ин поя бо натиҷаи 8:0 шикаст доданд. Мавзӯъро мухбири варзиши АМИТ “Ховар” Аловиддин БӮРИЕВ шарҳ медиҳад.

Ҳунарнамоии дастаи мунтахаби наврасони то 15-солаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин нишон медиҳад, ки таваҷҷуҳ ба футболи кӯдакону наврасон дар кишвар дар сатҳи баланд қарор дорад ва футболбозони навраси мо дар Осиё ва ҷаҳон мавқеи хуб пайдо кардаанд. Роҳхати дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи мамлакат ба Чемпионати ҷаҳон-2019 далели ин гуфтаҳост.

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони то 15-солаи Тоҷикистонро хонандагони Академия футболи ФФТ ташкил медиҳанд. Ду вохӯрӣ дар мусобиқаи байналмилалии Silk Road – Hua Shan Cup-2019 нишон медиҳад, ки онҳо малакаю маҳорати хуб доранд ва онро сайқал бояд дод.

Ҳамакнун боз номҳои нав дар фазои футболи Тоҷикистон танинандоз мегарданд, зеро футболбозони навраси тоҷик дар шаҳри Вэйнани Чин дар аввалин вохӯриашон бо дастаи Қирғизистон маҳорати хуб нишон дода, ба задани 8 тӯб шарафёб гардиданд. Ба ду бозингари мо Муҳаммадворис Сайдалиев ва Абдулфаттоҳ Худойдодзода муяссар шуд, ки ба дарвозаи рақиб сеголӣ зада, хет-трик намоянд. Ду тӯби дигарро Кабир Салимшоев ва Раҳматшо Раҳматзода ба нишон расонданд.

Дар вохӯрии дуввум бозингарони навраси Тоҷикистон дастаи Мйанмаро низ бо ҳисоби 5:0 шикаст доданд. Голҳоро Хусрав Тоиров (23-юм дақиқа), Меҳрубони Абдурауф (27-ум дақиқа), Муҳаммадворис Сайдалиев (53-юм дақиқа, аз пеналтӣ), Абдулфаттоҳ Худойдодзода (57-ум дақиқа) ва Муҷовид Шовайсудинов (90-ум дақиқа) ба самар расониданд.

10 апрел дастаи мунтахаби наврасони то 15-солаи мамлакат (мусобиқа дар Чин байни футболбозони то 16-сола идома дорад) дар бозии ҳалкунандаю тақдирсоз бо дастаи мунтахаби Чин-мизбони бозиҳо вориди сабқат мешавад. Барои дар маҷмӯъ ғолиб омадан дар мусобиқаи мазкур дастпарварони Аҳлиддин Турдиевро зарур меояд, ки мағлуб нашаванд. Ғалаба ва мусовӣ бо бартарии тӯбҳо дастаи мунтахаби Тоҷикистонро барандаи Ҷом хоҳад кард.

Ҷадвали мусобиқа чунин шакл гирифтааст:

Дастаи мунтахаби наврасони то 15-солаи Тоҷикистон дастаҳои Қирғизистону Мйанмаро шикаст дод






Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво