6 октябр 2024, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Баргузории семинар-машварат дар н. Нуробод

629
Баргузории семинар-машварат дар н. Нуробод
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи кории Кумита барои соли 2019 санаи 5 апрели соли 2019 дар мавзӯи “Баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои интихобу додани қитъаи замин, лоиҳакашӣ, мувофиқа ва додани иҷозати сохтмон” семинар-машварат баргузор намуд.
Дар семинар-машварат муовинони соҳавии раисон, сармеъморон, намояндагони кумитаҳои идораи замин, сохторҳои минтақавии Хадамоти зидди сӯхтор, Бозрасии давлатии автомобилӣ, ҳифзи муҳити зист, хоҷагии об, назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, таъминот бо нерӯи барқ, таъминот бо шабакаҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва алоқаи барқӣ, гармидиҳӣ, таъминот бо гази шаҳрҳои Роғун, Ҳисор, ноҳияҳои Файзобод, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Сангвор, Лахш, инчунин намояндагони масъули дастгоҳи марказӣ ва ташкилоту муассисаҳои Кумита иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии ташкил намудани семинар-машварати мазкур ин иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26 декабри соли 2018 баён намуда буданд, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи мақсаднок ва самараноку оқилонаи замин, такмили фаъолият дар соҳаи шаҳрсозӣ, омӯзиш ва арзёбии вазъи соҳа, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар доираи Тартиби анҷом додани расмиёти маъмурӣ вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ ва дар ин замина беҳтар намудани ҳамоҳангӣ ва ҳамкориҳои сохторҳои соҳавӣ, пешгирии қонуншиканиҳо ва саривақт бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, пешбурди назорати доимии сифати корҳои лоиҳакашӣ мебошад.
Баргузории семинар-машварат дар н. Нуробод

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи мақсаднок ва самараноку оқилонаи замин бо банди 8 супориши протоколӣ аз 28 декабри соли 2018, №13 вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор намудааст, ки дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо барои бунёди иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз гирифтан ва додани қитъаҳои замин аз ҳисоби заминҳои корами обӣ худдорӣ карда, сохтмони чунин объектҳоро дар доираи нақшаи генералии маҳал дар маҳалҳои аҳолинишин ба ҷойи биноҳои куҳнаю фарсуда пешбинӣ намоянд.
Дар шароити тағйирёбии бавуҷудомадаи рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон, рушди фаъолияти сохтмонӣ, вақте ки замин яке аз воситаҳои асосии истеҳсолот барои соҳибкорон мебошад, давлат бояд дастрасии шаффоф ва баробари тамоми шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ба захираҳои замин таъмин намояд. Тартиб, раванд ва қоидаҳои додани қитъаҳои замин новобаста аз мақсадҳои истифодаи он бояд ҳатман риоя карда шуда, амалҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои дахлдор, ки дар интихоб ва додани қитъаҳои замин иштирок мекунанд, бояд дар доираи талаботҳои муқарраршуда бо омузиши хеле дақиқ ба роҳ монда шавад.
Имрӯзҳо марҳила ба марҳила нақшаҳои генералӣ аз нав таҳия гардида, барои бо низоми муайян бунёд гардидани бинову иншоотҳои хуштарҳу замонавӣ ва кӯчаҳои васеъу хиёбонҳои зебо шароит фароҳам оварда шуда истодааст. Инчунин масъалаи ба танзим даровардани фаъолияти шаҳрсозӣ бо инобати ташкил, таҳия ва тасҳеҳи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, аз ҷумла нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳал ва лоиҳаи иморатсозӣ ба миён омадааст, ки мутобиқи талаботи кодексҳои замин ва шаҳрсозӣ бе мавҷуд будани нақшаҳои зикршуда барои сохтмон додани иҷозат имконнопазир мебошад. Интихоб, ҷойгиронӣ ва сохтмони ҳамагуна иншооту биноҳо дар асоси ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ бо мақсади ҳалли маҷмуавии ҳудудҳо, риояи талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, ба инобат гирифтани дастрасии аҳолӣ ба биноҳои бунёдшаванда, талаботи маҳал ва дигар талаботҳои шаҳрсозӣ ба роҳ монда мешавад.
Соҳаи меъморӣ ва сохтмон, ҳамчун ҷузъи асосии иқтисоди кишвар ба ҳисоб рафта, дар рушди бомайлони ҷумҳурӣ нақши калидӣ мебозад, ки ин дар навбати худ ҳамоҳангсозӣ ва мустаҳкамии фаъолияти муштараки соҳаҳои гуногун, пеш аз ҳама сохторҳои маҳаллии онро дар мақомотҳои маҳалии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ талаб менамояд.
Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар партави иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати таҳкими сиёсати давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва тақвияти соддаю шаффофгардонии низоми бақайдгирию хизматрасонӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи сохтмону меъморӣ ва дар ин замина мукаммал намудани муносибатҳои байниидоравию минтақавӣ ва асосҳои меъёрии ҳуқуқӣ кушишҳои муайянеро роҳандозӣ намуда истодааст.
Кумита баҳри ҳалли масъалаҳои ҷойдошта пешниҳод намуд, ки яке аз нишондоде, ки метавонад ба баланд гаштани сатҳи назарсанҷии коршиносони байналмилалӣ таъсири мусбӣ расонад, ин ташкили сохторҳои минтақавии равзанаи ягона, ё ба ибораи дигар “кушодани равзанаи ягона” ва дар ин замина ташкили шабакаи сохтории ин раванд барои иҷроиш ва арзёбии он мебошад. Дар ин замина мавқеи Кумита бо мактуби расмӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуда, дар ин асос супоришҳои дахлдор ба вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ирсол гардидаанд.

Баргузории семинар-машварат дар н. Нуробод
Дар ин самт қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 1 марти соли 2019, №95 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки тибқи банди 3.11. Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати самаранок гардонидани ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои давлатии ба равзанаи ягона дар соҳаи сохтмон ҷалбгардида, кушодани утоқи кории "Равзанаи ягона дар соҳаи шаҳрсозӣ" дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо то моҳи майи соли 2019 пешбинӣ карда шудааст. Қарори мазкур вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроия маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор менамояд, ки иҷрои пурраи бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳоро дар муҳлатҳои муқарраргардида таъмин намуда, ҷиҳати мусоидат ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ чораҳои амалӣ андешанд.
Хурсандибахш аст, ки дар баъзе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҷрибаи баррасии якҷояи мақомоти маҳаллии соҳавии ба раванди амалигардонии равзанаи ягона ҷалбгардида оид ба масъалаҳои марбут ба додани хулосаҳои техникӣ ва иҷозати оғози корҳои сохтмонӣ дар ҷаласаҳои кории раисону роҳбарони соҳавӣ ба роҳ монда шуда, аллакай самараҳои худро оварда истодааст
Боиси ифтихор аст, ки солҳои охир аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ нисбати фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардида истодааст. Дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди таҳия ва тасҳеҳи нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ боз як таконест дар рушду нумӯи на танҳо санъати меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмони кишвар, балки тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳамчунин фарҳангию маърифатии он.
Айни замон ҷумҳурӣ майдони азими сохтмонро пеши назар меоварад. Бо вусъати калон лоиҳаҳои инфрасохтории хурду азим амалӣ карда мешаванд, ки амалигардонии онҳо дар даҳсолаи наздик таъсири худро ба пешрафти иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандони Тоҷикистон мегузорад.
Баргузории семинар-машварат дар н. Нуробод


Бо назардошти таҳлил, фикру мулоҳиза ва таклифу пешниҳодҳо семинар-машварат қарор намуд:
1. Аз мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ҳисор, Файзобод, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Сангвор ва Лахш хоҳиш карда мешавад:
- дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо барои бунёди иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз гирифтан ва додани қитъаҳои замин аз ҳисоби заминҳои корами обӣ худдорӣ карда, интихоб ва додани қитъаҳои заминро дар доираи талаботҳои муқарраршуда бо омузиши хеле дақиқ ба роҳ монанд;
- масъалаи ташкил, таҳия, мувофиқа ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ дуруст ба роҳ монда шуда, ҷиҳати бунёди маҷмуавии бинову иншоотҳо чораҳои зарурӣ андешанд;
- бо мақсади аз байн бурдани монеаэҷодкунии сохторҳои дахлдори назоратӣ-давлатӣ ҳангоми мувофиқаи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои давлатии ба равзанаи ягона ҷалбгардидаро беҳтар намуда, қабули қарорҳои махсус ва мусоидати роҳбарияти шаҳру ноҳияҳоро оиди кушодани ҳуҷраи “Равзанаи ягона дар соҳаи шаҳрсозӣ” то моҳи майи соли ҷорӣ таъмин намоянд.
2. Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои зикргардида ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани масъалаҳо вобаста ба интихоб ва додани қитъаҳои замин ба шахсони ҳуқуқи ва воқеӣ:
- дар аввал гирифтани хулосаи сармеъмор оид ба мувофиқати қитъаи интихобшуда ба талаботи нақшаҳои генералии шаҳрҳо, марказҳои ноҳияҳо, кодексҳои шаҳрсозӣ ва замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ;
- дар мавриди бунёди маҳалҳои нав ва сохтмони бинову иншоотҳо гирифтани хулосаҳои дақиқи мусбӣ аз ҷониби сохторҳои дахлдори шаҳру ноҳияҳо, тибқи талаботи Нақшаи генералӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, сохтмонӣ, экологӣ, геологӣ, зидди сухтор, ҳифзи муҳити зист ва дигар талаботҳои мавҷуда;
- дар мавриди ҷойгиронии биноҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятӣ дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин ва бинову иншооти мавҷуда ҳамчун асос ба инобат гирифтани талаботи минтақабандии ҳудуд, эҳтироми ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон ва таъмини шароит барои иштироки онҳо дар баррасӣ ва қабули қарорҳо.
3. Мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ҳисор, Файзобод, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Сангвор ва Лахшро зарур аст, ки:
- ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар раванди татбиқи нақшаҳои генералӣ, аз ҷумла ҷойгиркунии иншоот ва биноҳо бо риояи хатҳои сурх ва танзими сохтмон, ҷиҳати ташкил ва пешбурди нақшаҳои навбатдорӣ (дежурный генплан) чораҳои заруриро андешанд;
- супориши меъморӣ ва банақшагириро тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда, дар он талаботҳои нақшаи генералӣ, ҳолати мавзеъ, ободонии ҳудуд ва дигар талаботҳои муосирро дарҷ намуда, масъалаи саривақт додани шартҳои техникиро ба фармоишгарон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор бо принсипи “Равзанаи ягона” ҳаллу фасл намоянд;
- татбиқи нақшаҳои генералӣ, нақшаҳои муфассали банақшагирӣ ва лоиҳаҳои банақшагирии ноҳиявиро дар асоси ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии мавҷуда ба роҳ монда, амалигардонии онҳоро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд;
- иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмониро пас аз омӯзиши ҳамаҷонибаи ҳуҷчатҳои шаҳрсозӣ, дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин, ҳуҷҷати лоиҳаи тасдиқшуда, хулосаи мусбии экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва қарори дахлдори раисони шаҳру ноҳия ба роҳ монанд;
- вобаста ба назорати сохтмони биноҳо ва иншооти сохташаванда ва роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ фаъолияти худро пурзӯр намоянд;
4. Кумитаи меъморӣ ва сохтмон таклифу пешниҳодҳои маърӯзачиёнро ҷиҳати масъалагузорӣ ва ҳалли масъалаҳои соҳаи шаҳрсозӣ ҳамчун пешниҳод қабул намояд.
А.Сафар,
мухбири махсуси “РБ”




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво