Дар Хоруғ бинои нави Шабакаи ёрии таъҷилӣ мавриди истифода қарор гирифт
598
Дар доираи истиқболи сазовори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ бинои нави Шабакаи ёрии таъҷилӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар маросими ифтитоҳи бино Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва масъулини соҳаи тандурустӣ иштирок намуданд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ иттилоъ доданд, сохтмони иншооти мазкур соли 2016-ум оғоз гардида, паймонкор шуъбаи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба ҳисоб меравад. Лоиҳаи иморат аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии «Бадахшонлоиҳа» тарҳрезӣ шуда, он аз ду ошёна, долон, таваққуфгоҳ барои нақлиёти ёрии таъҷилӣ иборат мебошад. Инчунин бино дорои ҳуҷраҳои барҳавои ёрирасон, аз ҷумла 13 утоқи корӣ ва ду ҳуҷраи шустушӯй мебошад. Баъди шиносоӣ бо шароити бино дар саҳни ҳавлии Шабакаи ёрии таҷилии шаҳри Хоруғ ҷамъомад доир гардид. Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят кормандони соҳаро бо ифтитоҳи чунин бинои зебою барҳаво аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд. Зимни суханронии Раиси ВМКБ таъкид гардид, ки соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳамасола барои рушди инфрасохтори соҳа барнома ва лоиҳаҳои мухталифи сармоягузорӣ татбиқ мешаванд. Бунёди чунин бинои муосири тиббӣ ва муҷаҳҳаз бо таҳҷизоти корию хизматрасонӣ имкон медиҳад, ки сатҳу сифати хизматрасонии тандурустӣ ба сокинони маркази маъмурии вилоят-шаҳри Хоруғ боз ҳам беҳтар гардад. Инчунин зикр гардид, ки дар корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизонидани бино бо техника беш аз 2 миллион сомонӣ харҷ гардидааст. Дар ҳама утоқҳои корӣ 80 номгӯй таҷҳизот ва дигар ашёи зарурӣ насб карда шудаанд. Намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят бо маблағгузориҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат якчанд иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд ва навсозӣ шуда, бо муосиртарин таҷҳизоти соҳавӣ таъмин шуданд. Тайи солҳои охир зиёда аз 80 фисади муассисаҳои тандурустии вилоят таъмир, сохтмон ва аз нав барқарор гардиданд. Дар ҷавоб ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат ворисони Сино мекӯшанд, ки аз тамоми имконот истифода бурда, дар ҳифзи сиҳатии мардум ва расонидани кумаки аввалини тиббӣ саҳми бориз гузоранд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |