25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Фестивали анъанавии ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид

606
Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар» Фестивали анъанавии ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Кашшофи падидаҳои наврас» бо тантана ифтитоҳ гардид.

Зимни ифтитоҳи фестивал Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсуддин Орумбекзода изҳор дошт, ки имрӯзҳо ҳар як халқу миллатро дар арсаи олам, пеш аз ҳама, бо китоб, таърих, фарҳанг ва адабиёташ мешиносанду эътироф мекунанд.

«Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ ба рушду нумӯи соҳаи китобдорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин анъанаи неки ниёгон – эҳтироми китобу китобхонӣ идома ёфта, дар ин ҷода як зумра корҳои намоён анҷом пазируфтанд»,- зикр намуд Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ.

Шамсуддин Орумбекзода дар идомаи сухан иброз намуд, ки насли наврас бояд ифтихор кунад, ки дар чунин фазои осудаи кишвар зинадагӣ мекунад ва барои онҳо тамоми шароиту имконот мавҷуд аст. Бахусус имрӯз дар саросари ҷумҳурӣ китобхонаҳо бунёд гардидаанд, ки дар онҳо аз китобҳои бачагона сар карда, то китобҳои илмиву бадеӣ мавҷуд мебошанд.

Бояд гуфт, ки дар доираи фестивал намоиши китобҳои тозанашр, вохӯриҳо бо адибон, маҳфилҳои гуногуни адабӣ ва ҳунарӣ, барномаҳои ҷолиби консертӣ, ташкили Озмуни расмҳо аз рӯи асарҳои кӯдакона «Китобчаи дӯстдоштаи ман», Озмуни хабарнигорон барои беҳтарин инъикоси таҷрибаи коллективҳои меҳнатӣ оид ба тарғиби китоб ва рушди хониш дар ВАО, сабқатҳои «Фурӯхташавандатарин китоб», «Фаъолтарин хонандаи ҷавон», «Машҳуртарин нависандаи кӯдакон», Озмуни ровиёни ҷавон доир гардиданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво