Озмуни «Сайри гули лола» Душанберо гулафшон кард
918
Тавре қаблан иттилоъ додем, алҳол дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе озмуни шаҳрии гулҳо «Сайри гули лола» идома дошта, он дар сатҳи ноҳиявӣ ҷамъбаст гардид. Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо натиҷаи озмун, ки аз тарафи гурӯҳҳои кории ноҳиявӣ пешниҳод гардидаанд, шинос шуда, аввали моҳи апрели соли 2019 онро ҷамъбаст менамояд. Тибқи муқаррароти озмун, натиҷаҳои он ба гурӯҳи кории ҷумҳуриявии озмун пешниҳод мешаванд.
Тавре сардори шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Шералӣ Раҳмонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, гурӯҳи мазкур аз беҳтарин композитсия, дизайни ҷолиби гулзор ва сифати корҳои иҷрошуда дар мавзеъҳои вобасташудаи гулкорӣ дар се ноҳияи пойтахт — Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур дидан намуда, алҳол бо ин мақсад дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт қарор дорад. «Ин озмун бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ҷиҳати вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 25 феврали соли 2019 роҳандозӣ мегардад», — афзуд Ш.Раҳмонов. Хотиррасон менамоем, ки аз ҷониби гурӯҳи кории шаҳрӣ ғолибони озмуни пойтахт барои ҷойҳои якум бо «Дипломи дараҷаи 1», дуюм «Дипломи дараҷаи 2» ва сеюм «Дипломи дараҷаи 3» сарфароз гардонида мешаванд. Мояи фараҳмандист, ки дар натиҷаи баргузории озмуни шаҳрии гулҳо «Сайри гули лола» Душанбеи дилрабо ба шаҳри гулафшон табдил меёбад. Рухсораи НУР, АМИТ «Ховар»
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |