30 сентябр 2023, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе бахшида ба ҷашни Наврӯз мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мегарданд

415
Аз 20 то 30 марти соли равон дар шаҳри Душанбе баргузории 193 мусобиқаи варзишӣ дар назар аст. Он дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз роҳандозӣ карда шудааст. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, мусобиқаҳои мазкур дар толорҳои варзишӣ, майдончаҳои хурди футбол ва маҷмааҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои футбол, волейбол, баскетбол, шоҳмот, шашка, теннис, тенниси рӯи миз, гӯштини миллӣ, чавгонбозӣ, шиноварӣ, тӯби дастӣ, бандкашӣ, сангбардорӣ ва велосипедронӣ баргузор карда мешаванд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво