19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ДУШАНБЕИ НАВРӮЗӢ. Ба тантанаҳои идонаи пойтахти Тоҷикистон меҳмонон аз бародаршаҳрҳо даъват шудаанд

496
Чуноне қаблан иттилоъ додем, рӯзҳои 20-24 марти соли равон дар пойтахт Форуми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад. Қисмати расмии Форуми мазкур 22 марти соли 2019 дар «Кохи Суруш» доир мегардад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, ба форуми мазкур меҳмонон аз бародаршаҳрҳои Душанбе даъват карда шудаанд. Он бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон ба шаҳри Душанбе, ташвиқу тарғиби фарҳангу таърихи қадими халқи тоҷик, инчунин имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, бахусус шаҳри Душанбе роҳандозӣ мегардад.

Ба иттилои манбаъ, тибқи барномаи тарҳрезишуда, дар доираи баргузории Форум меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи «Наврӯз», боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Абдулқосим Фирдавсӣ ва Боғи Ирам дидан намуда, онҳо дар Корвони шодии (карнавали) идона (21 март) ва дар намоиши театришудаи «Ганҷинаи Наврӯз» дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт (22 март) иштирок менамоянд.

Хотиррасон менамоем, ки айни замон шаҳри Душанбе бо 18 шаҳрҳои китъаи Осиё, Аврупо, Амрико ва Африқо робитаҳои бародаршаҳрӣ барқарор намуда, бо шаҳрҳои Москваи Федератсияи Россия ва Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ дар асоси созишномаҳои байнидавлатӣ муносибатҳои ҳамкорӣ ба роҳ монда, узви комилҳуқуқи 5 ташкилоти байналмилалӣ мебошад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво