23 феврал 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Имрӯз дар Душанбе 107-солагии матбуоти тоҷик таҷлил карда мешавад

576
Имрӯз дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ бахшида ба 107-солагии матбуоти тоҷик ҷамъомади тантанавӣ баргузор мегардад.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷамъомад соати 16:00 доир гардида, дар он беҳтарин рӯзноманигорон ва собиқадорони матбуоти даврӣ бо мукофоту туҳфаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, илова бар ин, ба рӯзноманигорони арзанда Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ тақдим карда хоҳад шуд.

Ба маълумоти тадқиқотчиёни рӯзноманигории ватанӣ, маҳз дар ин рӯзи соли 1912 аввалин шумораи рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» аз чоп баромад.
  Имрӯз дар Душанбе 107-солагии матбуоти тоҷик таҷлил карда мешавад
Бояд ёдовар шуд, ки Рӯзи матбуоти тоҷик дар замони Шӯравӣ 5 май таҷлил карда мешуд. Шурӯъ аз соли 1994 Рӯзи матбуот 11 март- дар рӯзи чопи аввалин шумораи рӯзномаи «Бухорои Шариф» таҷлил мешавад. Вале аввалин рӯзномаи давлатии Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон соли 1925 бо номи «Иди тоҷик» таъсис ёфта буд, ки имрӯз бо номи «Ҷумҳурият» нашр мешавад. Абулқосим Лоҳутӣ аз аввалин муҳаррирони рӯзномаи «Иди тоҷик» буд, ки дар баробари эҷодиёти ниҳоят ғановатмандаш дар рушди матбуоти тоҷик низ хизматҳои шоён ба анҷом расонид.

Дар давраҳои минбаъда низ аксари адибони маъруфи мо ва умуман аҳли қалам фаъолияти худро аз воситаҳои ахбори омма оғоз карда, бо онҳо ҳамкории доимӣ доштанд. Онҳо бо ҳамин роҳ дар рушди матбуоти миллӣ саҳми намоён гузоштанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво