16 август 2022, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ховалинг боғҳои нав бунёд мегарданд

505
Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар доираи иҷрои «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020» ва вусъат бахшидан ба корҳои ниҳолшинонӣ дар ноҳияҳои иқлимашон мусоид корҳои ниҳолшинонӣ бомаром идома доранд.

Абдусаид Саидов дар мавзеи Ҳалқаёри Ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг давоми фаъолияташ даҳҳо гектар боғ бунёд кардааст ва ҳоло низ бо ҳамдеҳагон дар шинонидани ниҳолҳо кумак мерасонад. Ин мавзеъ дар қисмати ҷанубии ноҳияи Ховалинг ҷойгир шуда, сокинон ба васеъ намудани майдони боғу токзор камар бастаанд.

Тавре Абдусаид Саидов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ҳамасола дар ноҳияи мазкур майдони боғҳо васеъ карда мешавад. Хоҷагиҳои деҳконию инфиродӣ дар талу теппаҳо даҳҳо гектар боғҳои нав бунёд намуда, дарахтони гуногуни мевадиҳандаи ба шароити иқлими минтақа мусоид мешинонанд.

Ба андешаи мутахассисони соҳаи боғу ток, дар мавзеи Ҳалқаёр дарахтон хуб нашъунамо мекунанд ва ҳосили фаровон ба бор меоранд. Аз ин рӯ хоҷагиҳои деҳконӣ бо маслиҳати мутахассисони соҳа бештар боғ бунёд карда истодаанд. Деҳқонон баробари бунёди боғҳо бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ кишту кори баҳориро низ вусъат бахшида истодаанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво