18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«БУХОРОИ ШАРИФ» – САРОҒОЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК. Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир гардид

672
6 март бо ташаббуси шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши илмӣ- оммавӣ таҳти унвони «Матбуоти даврӣ-ҳифзкунандаи таърих ва фарҳанги миллат» баргузор шуд.

Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Абдусалом Мирализода зикр кард, ки ҳамасола дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо 11 март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад. Таҷлили ин рӯз аз рӯзи нашри аввалин рӯзномаи сирф тоҷикӣ-«Бухорои шариф», ки нахустшуморааш 11 марти соли 1912, бо ташаббуси Мирзо Муҳиддин Мансурзода ва Мирзо Сироҷи Ҳаким ба табъ расид, сарчашма мегирад.

«Ин рӯйдоди таърихиву фарҳангӣ сароғоз ва нахустин қадамҳои устувори матбуоти тоҷик буд. Яъне, 107 сол қабл «Бухорои Шариф» сарчашмаи асосии матбуоти миллӣ гардид ва то ба имрӯз матбуоти миллӣ рушд карда, дар ғанигардонии маърифату ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллии мардум ва ободию пешрафти давлату миллатамон саҳми босазо гузоштааст»,- гуфт Абдусалом Мирализода ва илова намуд, ки «Бухорои Шариф» аввалин нашрияе буд, ки дар қаламрави Осиёи Миёнаи тоинқилобӣ пурра бо забони тоҷикӣ ба табъ мерасид. Ин рӯзнома як соли пурра ҳам фаъолият накард. Баъди нашри шумораи 153-юмаш, 2 январи соли 1913 баста шуд. Вале дар ин муддати кӯтоҳ тавонист, ки дар фазои торики Аморати Бухоро афкору андешаҳои тозаи маорифпарваронаро миёни мардум шарҳу тавзеҳ диҳад ва ҳадафҳои таъсису фаъолияташро, ки босаводу соҳибмаърифат, забондону адабиётдӯст ва худшиносу ояндабин кардани мардум буд, амалӣ гардонад.

Зикр шуд, ки аз 153 шумораи нахустрӯзномаи сирф тоҷикӣ-«Бухорои шариф» имрӯз 110 шумораи электронии он дар шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мавҷуданд, ки аз он донишҷӯён, муҳаққиқону таърихнигорон ва олимони соҳаи журналистика дар корҳои илмию таҳқиқотии худ истифода менамоянд.

Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода зикр кард, ки имрӯз нақши воситаҳои ахбори амма дар ҳаёти сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон хеле муҳим ба назар мерасад. «Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо вазъи фаъолият дар воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон шиносанд ва ҳамеша хизмати кормандони матбуот ва дигар воситаҳои ахбори оммаро қадрдонӣ мекунанд, зимни мулоқоти худ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки чанде пеш доир гардида буд, зикр доштанд, ки «роҳбарон ва кормандони воситаҳои ахбори омма бояд сипари боэътимоди ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва дастовардҳои замони Истиқлолият бошанд». Ин супориши Сарвари давлат барои кормандони воситаҳои ахбори омма қадрдонии ҷиддиест, ки аз заҳмати шабонарӯзии аҳли қалам дарак медиҳад»,- гуфт раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода.

Мушовири калони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадиқбол Атоев зимни маърӯза баён дошт, ки «хушбахтона, истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ки таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои муаззами миллат ҷараён дорад, дар соҳаи пажӯҳишоти илмӣ ва махсусан дар матбуот шароити мусоид фароҳам овардааст. Зеро то замони истиқлолияти давлатӣ таърихи матбуоти тоҷик ба ҷуз чанд сарчашмаи таърихию адабӣ ва руҷӯъҳои василавӣ ба таври комил омӯхта нашуда буд. Махсусан нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф», ки саромади матбуоти миллӣ маҳсуб мешавад, аз доираҳои таҳқиқ берун монда, ҳатто дар ягон махзану китобхонаҳои давлатию ҷамъиятии кишварамон баста ва нусхаҳои он вуҷуд надоштанд. Илова бар ин, дар замони ҳокимияти Шӯравӣ талошҳое ҷиҳати муаррифии ғайриҳақиқӣ ва ғайриодилонаи «Бухорои шариф» ҷараён дошта, «Бухорои шариф»-ро сароғози матбуоти тоҷикӣ намешумориданд».

Ба андешаи Муҳаммадиқбол Атоев, бо шарофати озодиҳои фикрию зеҳнӣ ва илмию сиёсии даврони истиқлолияти давлатӣ пажӯҳишоти мухталиф дар соҳаи таърихи матбуот ва журналистикаи тоҷик афзоиш ёфта, ихтисоси журналистика бо шрифти хос дар марказҳои илмӣ шинохта мешавад. Илова бар ин, доманаи пажӯҳишҳои илмӣ васеъ гардида, на танҳо ба таърихи матбуот, балки хусусиятҳои матбуот, матбуоти соҳавӣ, нашрияҳои ҳизбӣ, расонаҳои чопии музофотӣ ва вижагию хусусиятҳои тахассусию иқтисодӣ ва идеологии онҳо омӯхта шуда, рисолаҳои илмӣ дифоъ шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки имрӯз мероси гаронбаҳои матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо шумори беш аз як миллион нусха (1 216 188) рӯзномаву маҷаллаҳое, ки солҳои гуногун бо ҳуруфи тоҷикӣ, форсӣ, русӣ-кириллӣ ва лотинӣ нашр шудаанд, дар шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳифзу нигаҳдорӣ мешавад. Ин бойгонии мероси маънавии миллат аз соли 1935 то имрӯз барои ҷамъоварӣ, ҳифзу нигаҳдории матбуоти даврӣ ва иттилоотонию ташаккул додани маърифату маънавиёти мардум саҳми арзанда гузоштааст. Он имрӯз дар фазои соҳибистиқлолии кишвар ба ғайр аз мутолиаи ҳамешагии хонандаҳо як махзани бузурге барои устодону донишҷӯён, олимону пажӯҳишгарон ва муҳаққиқони соҳаҳои гуногун мебошад.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво