28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи Модар пуршукӯҳ таҷлил мегардад

551
Имрӯз, 7 март дар маркази Суғд- шаҳри Хуҷанд бо мақсади арҷгузорӣ ба саҳми арзандаи занону модарон дар пешрафти соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ, инчунин баланд бардоштани мақом ва манзалати онҳо дар ҷомеа, таҳкими нақши зан дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ Рӯзи Модар бо баргузории барномаи тантанавӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад.

Бино ба иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, 8 март низ дар шаҳр тантанаҳои идона баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки давоми ҳафта дар доираи таҷлили Рӯзи Модар дар муассисаҳои таълимӣ, корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳо вобаста ба дастовардҳои занон дар даврони Истиқлолият конфронсҳо гузаронида шуда, бо иштироки занони барӯманду собиқадор мулоқоту суҳбатҳо барпо карда шуданд.

Дар робита ба Рӯзи Модар дар шаҳр ҳамзамон аёдат ва қадршиносии модарони танҳо, занони фаъол ва собиқадорони меҳнат ба роҳ монда шудааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво