29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҷойгоҳи зан-модари тоҷик дар таъмини сулҳу осоиштагӣ ва истиқлолияти давлатӣ бузург аст

724
Дар остонаи Рӯзи Модар дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шаҳри Душанбе бо ҳузури фаъолзанони ҳизб маҳфили фарҳангӣ баргузор гардид.

Муовини Раиси ҲХДТ Раъно Бобоҷониён тамоми занону модаронро бо фарорасии иди баҳору зебоӣ ва Рӯзи Модар табрик намуда, ба онҳо саломатӣ, осмони софу беғубор ва ба хонадонашон осоиштагию рӯзгори хуш таманно намуд.

Мавсуф доир ба сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси ҲХДТ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ибрози назар намуда, афзуд, ки маҳз бо саъю талош ва дастгирии бевоситаи Сарвари давлат ҷойгоҳи зан-модари тоҷик дар ҷомеа баланд бардошта шуда, имрӯз бонувони тоҷик дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат фаъолона саҳм мегузоранд. Муовини Раиси ҲХДТ нақши занони тоҷикро дар татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва бунёдкоронаи давлату ҳукумати Тоҷикистон бузург арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки зан-модар сарчашмаи меҳру вафо, офарандаи зиндагӣ ва тарбиятгари фарзандон буда, новобаста ба пастиву баландиҳои зиндагӣ рисолати худро дар тамоми давру замон сарбаландона иҷро намудааст.

Дар маҳфили фарҳангӣ ҳамзамон аъзои Кумитаи марказии ҲХДТ, фаъолзанони мамлакат ва дигар собиқадорон доир ба нақши зан-модари тоҷик дар тарбия ва ба камол расонидани фарзандони шоистаю солеҳ, ки номбардори миллату давлатанд, сухан гуфтанд.

Раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ Руқия Қурбонова, муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, раиси Кумитаи марказии ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода ва дигар иштирокдорон доир ба ҷойгоҳи зан-модари тоҷик дар таҳкими сулҳу амният, ваҳдати миллӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва нақши Президенти мамлакат дар баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ибрози назар карданд. Зикр шуд, ки занон дар пешбурди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла фаъолияти ҲХДТ нақши муассир мегузоранд. Аз 63 ҳазор нафар аъзои ҲХДТ дар шаҳри Душанбе 45 фоизашро занон ташкил медиҳанд.

Шоираи ширинкалом Меҳриниссо бо қироати шеърҳо дар васфи зан-модар ба маҳфили фарҳангӣ нуру зиё бахшид.

Дар анҷом ҳунармандони боистеъдод ва хушсалиқаи кишвар барномаи ҷолиби консертиро ҳамчун гулдастаи баҳорӣ ба фаъолзанон тақдим намуданд, ки тараннумгари меҳру муҳаббат, садоқат, малоҳат ва зебоии зан –модари тоҷик буд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво