Пагоҳ дар ноҳияи Рашт Форуми якуми иттилоотнокии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад
582
6 марти соли равон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Форуми якуми иттилоотнокии ҷомеаи шаҳрвандӣ: «Роҳ ва усулҳои муосири муқовимат ба омилҳои номатлуби ҷомеа: экстремизм, терроризм ва бемориҳои сироятии ҷинсӣ миёни ҷавонон» баргузор мегардад.
Тавре корманди шуъбаи иттилоотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Карим Салимзода аз маркази ноҳияи Рашт хабар дод, дар форуми мазкур иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Набизода, намояндагони Прокуратураи генералии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оила, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва имомхатибон иштирок ва суханронӣ мекунанд. Ҳамчунин иштироки занону шахсони рӯзгордида ва ҷавонони фаъоли ноҳияи Рашт дар назар дошта шудааст. Мақсад аз баргузории Форуми якуми иттилоотнокии ҷомеаи шаҳрвандӣ: «Роҳ ва усулҳои муосири муқовимат ба омилҳои номатлуби ҷомеа: экстремизм, терроризм ва бемориҳои сироятии ҷинсӣ миёни ҷавонон»- ин огоҳ намудани ҷавонон аз бемориҳои сироятӣ, пешгирӣ намудани онҳо аз пайвастан ба ҳар гуна гурӯҳҳои тундрави террористиву экстремистӣ ва оқибатҳои нохуши он мебошад.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |