Дар Душанбе озмуни шаҳрии «Сайри гули лола» доир мегардад![]()
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 25 феврал дар бораи гузаронидани озмуни шаҳрии гулҳо «Сайри гули лола» дар шаҳри Душанбе қарор ба имзо расонид.
Тавре аз раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, қарори мазкур бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ ба тасвиб расидааст. Ба иттилои манбаъ, озмуни шаҳрии гулҳо «Сайри гули лола» ҷиҳати муайян намудани беҳтарин композитсия ва дизайни ҷолиби мавзеи гулзор ва сифати корҳои иҷрошуда дар мавзеъҳои вобасташудаи гулкорӣ гузаронида шуда, дар рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз-2019 ҷамъбаст карда мешавад. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи ноҳия баргузор намудани ҳамин гуна озмун ва то 18 марти соли 2019 ҷамъбаст намудани натиҷаҳои он бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |